Дар мазҳаби Имом Абуҳанифа чун Бибӣ Ойишаи Сиддиқа (рз) дар Мадина як фақеҳе буд, занон ҳақ доранд, ки қозиюлқуззот шаванд
Нависанда: Фарид Юнус
Бисёр ҷои таассуф аст, ки Толибон макотиби духтаронро ба хотире, ки дар ҷомеа фасод набошад, масдуд карданд. Толибон муртакиби на танҳо бадномии ислом, балки зулм шудаанд, зеро бинои дини ислом омӯзиш ва парвариш аст ва Толибон табақаи нисвон (занон)-ро аз ҳаққи шаръиашон маҳрум кардаанд ва ин нобахшуданӣ аст.
Тааҷҷуб мекунам, ки як идда гурӯҳҳои сиёсие, ки худашон андешаи солими исломӣ надоранд, ҳанӯз ҳам мехоҳанд бо ин гурӯҳи ҷоҳил тафоҳум кунанд. Хилофи шариати ислом аст, ки як гурӯҳи ҷоҳил ва золим ба қудрат бошад ва ё бо эшон тафоҳум кард. Баракс Қуръон ба мо дастур медиҳад, ки аз ҷоҳил рӯй бигардон. Уламои киром гуфтаанд, ки бо аҳмақ доду муомила надошта бошед. Инҳо мутлақ аҳмақ ҳастанд.
Қуръон маҷид мегӯяд: "ва қул раб зиадни илман", яъне илоҳо бар илми ман бифзой. Ин ояи муборак барои марду зан гуфта шудааст ва ҳазрати Расули Акрам (с) фармудааст, ки омӯхтани илм барои марду зани мусулмон фарз аст.
Дар матнҳои динии худ мехонем, ки вақте мардум савол медоштанд, ба Бибӣ Ойишаи Сиддиқа (рз) раҷӯъ мекарданд, зеро Бибӣ Ойиша (рз) як фақеҳе буд. Вай на танҳо, ки Қуръони маҷидро аз бар дошт, як зани адиб буд ва шеър мегуфт. Аз забони Бибӣ Ойиша ривоят шудааст, ки дар байни занон аз Бибӣ Фотима (рз) донишмандтар надидам. Бибӣ Зайнаб (рз) аввалин мактаби нисвонро бино кард ва аввалин донишгоҳ бо лайлия (мактаби занона) тавассути як бонуи мусулмон ба номи Фотима ал-Фаҳрӣ дар соли 841 мелодӣ бино ёфт ва ин муҳаққиқ он донишгоҳро дар мамлакати ал- Мағриб (Марокаш) рафтам ва дидам. Занон дар ислом ба меъроҷи вилоят расидаанд ва мо зиндагиномаи Робиаи Адвияро дар китоби машҳури "Тазкираи авлиё” асари беҳамтои шайх Фаридуддин Аттор Нишопурӣ мехонем. Дар мазҳаби Имом Абуҳанифа чун Бибӣ Ойишаи Сиддиқа (рз) дар Мадина як фақеҳе буд, занон ҳақ доранд, ки қозӣ юл-қуззот шаванд. Дигар фуқаҳо ба шумули фиқҳи ҷаъфарӣ ин имтиёз ба занон надодааст ва далели қонеъкунанда ҳам надоранд.
Бибӣ Хадиҷаи Кибро ҳамсари паёмбари ислом (с) як тоҷирпеша буд.
Ба ҳар ҳол, аз масоили қазоват, тиҷорат ва кори зан, ки ҳама муҷоз аст, бигзарем. Омӯзиш ва парвариши зани мусулмон ҳаққи машрӯъи бонувон аст ва тааддии ин ҳаққ зулм шумурда мешавад. Амалкарди Толибон мухолифи шаръи ислом, маданияти ислом ва адолати ислом аст ва ин зулм аст ва аз диду биниши Қуръон зулми баробар бо ширк аст.
Мард ва зан аз нафаси воҳид халқ шудааст ва дар ҷомеа аз нигоҳи маданӣ ҳуқуқи маданӣ доранд. Мардон ҳам метавонанд фасод тавлид кунанд ва бадбахтии Афғонистон зиёдтар аз бобати ҳамоқатҳои мардон аст на занон.