Ин мағзҳои гандаи бархе муллову охунд аст, ки барои манофеъи худ занро аз ҳуқуқе, ки Худо барои зан додааст, маҳрум кардаанд

Муаллиф: Фарид Юнус

Занон дар тамаддуни исломӣ нақши бориз ифо кардаанд. Минбари масҷид ба пешниҳоди як зан сохта шуд. Ҳазрати Бибӣ Оиша (р) ба ҳайси як фақеҳе арзи андом кард. Дар ҷангҳои ислом занон аз бародарони захмиашон парасторӣ мекарданд.

Бибӣ Зайнаб аввалин мактаби нисвон (занон)-ро бунёд гузошт. Бибӣ Фотимаи Заҳро (р) аз занони донишманди ислом буд. Чунончӣ Бибӣ Оишаи Сиддиқа (р) гуфт: “Дар миёни занон аз Фотима донишмандтар надидаам”. Аввалин пeлиси ҷомеаи исломӣ барои ҳифзи амнияти мардум як зан буд. Занон бо мардон якҷо аз Макка ба Мадина ҳиҷрат карданд.

 Аммо имрӯз мебинем, ки як гурӯҳи мутаҳаҷҷирро “мусалласи гуноҳ”, яъне ИМА, Арабистони Саудӣ ва Покистон ба қудрат расонд, то на танҳо манофеъи худро ҳимоя карда бошанд, балки исломро дар сатҳи ҷаҳонӣ бадном кунанд.

«Толибон» бар асоси идеологияи "дуқ", яъне хамирхобе аз девбандӣ, ваҳҳобӣ ва қавмӣ, имрӯз Афғонистонро ба ҳолате кашондаанд, ки на аз ислом хабаре аст, на инсоният ва на маданият. Аз Абдуллоҳ Фирӯз ал-Дайломӣ, яке аз саҳобаҳои киром ривоят шудааст, ки Ҳазрати Расули карим (с) фармудааст: “Бо кӯдаконатон дар бахши тавзеъи ҳуқуқ одил бошед. Ва агар ман дар тавзеъи ҳуқуқ касеро тарҷеҳ медодам, занонро зиёдтар тарҷеҳ медодам, то ҳуқуқи зиёдтар дошта бошанд”.

Имрӯз мебинем, ки зани мусулмон аз ҳуқуқи кору таҳсил, ду масъалае, ки ислом ҳеҷ гуна табъиз накардааст, ба номи дину суннат маҳрум шудааст. Ононе, ки аз «Толибон» дифоъ мекунанд ва ё ҳамкорӣ мекунанд, инҳо худ аз ононе ҳастанд, ки занситезанд ва рӯҳияи қавмӣ ва қабоилӣ доранд.

Мардуми Афғонистон бо гуфтору қалам бояд бар алайҳи ин табъиз, ки Худо ҳаром карда, мубориза кунанд. Занон нисф кулли ҷомеаи мусулмон аст ва набудани эшон дар иҷтимоъ, ҷомеаро ба рукуд мувоҷиҳ мекунад. Қуръони маҷид ва Муҳаммад (с) ҳеҷ гуна табъиз бар алайҳи занро раво надоштааст ва аммо ин мағзҳои гандаи бархе муллову охунд аст, ки барои манофеъи худ занро аз ҳуқуқе, ки Худо барои зан додааст, маҳрум кардаанд.