Карнил Имом шахсе буд, ки ба намояндагӣ аз Созмони истихбороти Покистон (ISI) Толибонро ба вуҷуд овард ва онҳоро ба қудрат расонд.
Нависанда: Хабаргузории Раск
Мулло Умар аз куҷо зуҳур кард ва чӣ гуна гурӯҳи Толибонро шакл дод? Фарҳанги бачабозӣ дар миёни раҳбарони толиб чӣ гуна аст? Достони кӯр шудани чашми Мулло Умар чист? Ва истихбороти Покистон чӣ нақше дар шаклдиҳии гурӯҳи Толибон доштааст?
Як афсари аршади созмони истихбороти Покистон ба номи Карнил Имом (дар акс) китоберо таҳт унвони “Достони ҷиҳоди Афғонистон ё пружаи толибсозии Афғонистон” дар мавриди мудохилоти Покистон, аҳдофи пинҳони истихбороти он дар Афғонистон ва шаклдиҳии гурӯҳи Толибон навишта, аз аъмоли пинҳони ISI дар мавриди Афғонистон парда бардоштааст.
Мақолоти ин китоб нишон медиҳад, ки истихбороти Покистон чӣ гуна аз муҳоҷират, бесаводӣ ва маҷбурияти афғонистониҳо ба номи ҳимоят аз дини ислом истифодаи абзорӣ намуда ва аҳдофи шуми хешро дар Афғонистон амалӣ кардааст.
Нависандаи китоби “Достони ҷиҳоди Афғонистон ё пружаи толибсозии Афғонистон” худашро аз шаҳристони Чакволи аёлати Панҷоби Покистон муаррифӣ карда ва гуфтааст, исми аслии ӯ Амир Султон буда, аз сӯйи истихбороти Покистон барояш дар Афғонистон вазифа супурда шуда буд.
Карнил, ки муодили рутбаи “дагарвол” (полковник) дар низоми Афғонистон аст, навиштааст, ба далели таомул ва характере, ки доштааст, ба имомати «намоздиҳӣ ба гурӯҳи Толибон” пардохта, аз ҳамин рӯ, дар миёни гурӯҳи Толибон Имом хитоб шудааст.
Дар бахше аз китобаш, ин афсари истихбороти Покистон ривояте аз қуввату пешрафти муҷоҳидини афғонистонӣ бар зидди давлати коммунистии Наҷибуллоҳ дошта ва навиштааст: “Рӯзҳои пешрафти ҷиҳод дар Афғонистон, асокири русӣ ва коммунистӣ ҳар рӯз руҳияи худро аз даст медоданд ва муҷоҳидини Афғонистон пешрафт мекарданд, раҳбарони мо дар Покистон ҷаласа гирифта ва ба ман масъулият доданд, то панҷоҳ тан “қумандонҳои афғонистониро омӯзиш диҳам”. Хусусиёти ин ашхос ҳамчунон бароям гуфта шуда буд, бояд ба ҷои таълимоти асрӣ таълимоти динӣ дошта ва он ҳам омӯзишҳои диниро аз тариқи мадорису масоҷид ба даст оварда бошанд”. Ин узви истихбороти Покистон дар идома навиштааст, ки барои омӯзиши панҷоҳ тан афғонистонӣ ба Мавлавӣ Муҳаммаднабӣ Муҳаммадӣ, ки дар байни раҳбарони афғонистонӣ ба Покистон муҳаббати хосе дошт ва ҳамеша барои мову бақои Покистон дуо мекард, тамос гирифтам”.
Ба навиштаи Карнил Имом, бо муаррифии панҷоҳ ҷавон аз сӯйи Мавлави Набӣ, “аввалин давраи омӯзишии ононро дар соли 1985 оғоз кардам, омӯзиши онон шомили маҳоратҳои ба вуҷуд овардани кашмакаш дар як ҷомеае ба номи дин, омӯзиши ҷангҳои чирикӣ ва чигунагии икмолоти худӣ бидуни вобастагӣ ба Покистон, Амрико ва Арабистон аз тариқи ҷамъоварии ушр, закот ва ихтитофи кормандони давлатӣ ва муассисоти хориҷӣ буд”.
Ба навиштаи имоми гурӯҳи Толибон - афсари истихбороти Покистон, “ин гурӯҳ он қадар хатарнок ва фаъол шуданд, ки гоҳ-гоҳ ман метарсидам, ки Покистонро ба чолиш накашонанд. Ба навиштаи ӯ, Мулло Умар, Мулло Раббонӣ, Мулло Бурҷон ва… “аъзои ҳамин гурӯҳе буданд, ки мо барои эшон заҳамоти зиёде кашидем”.
Карнил Имом дар мавриди кӯр шудани чашми Мулло Умар низ ривояте карда ва навиштааст, мо аъзои гурӯҳи омӯзишдодаи хешро ба гунаи имтиҳонӣ ба чанд ҷанг дар Афғонистон равон кардем, ки бисёр комёб баргаштанд: “Дар бораи чашми Мулло Умар бароятон қиссаи ростину ҳақиқиро мекунам, дар ин маврид баъзе афсонаҳо низ машҳур аст, ки гуфта мешавад, вақте дар ҷанг як чашми ӯ маҷрӯҳ шуд, ӯ он қадар инсони ғаюру шуҷоъ буд, ки бо чоқу чашми маҷрӯҳи худро, ки берун шуда буд, бурид ва ба як сӯ андохт ва дубора ҷангро оғоз кард”.
Ин афсари покистонӣ навиштааст: “Ҳақиқат ин аст, ки илоҷи чашми маҷрӯҳшудаи ӯ дар яке аз бемористонҳои Карочи зери назари фавҷ сурат гирифт ва аз хотири кӯмаке, ки бо ӯ шуда буд, бисёр хуш буд ва ҳамеша ин кӯмаки дӯстони моро ёдовар мешуд”.
Ин афсари идораи истихбороти Покистон дар бахши дигаре аз китобаш ривояте дар мавриди шаклгирии гурӯҳи Толибон ва нақши истихбороти Покистон дошта, навиштааст: “Вақте дар ҳар устону шаҳристони Афғонистон хонаҷангӣ оғоз шуд ва ҳукумати муҷоҳидин ба чанд бахш тақсим шуда буд, аз сӯйи раҳбаронам бароям вазифаи ҷадиде супурда шуд”.
Ӯ менависад: “Дар он замон Беназир Бҳуто раҳбарии ҳукумати Покистонро ба ӯҳда дошт ва бисёр алоқа дошт, ки дар Афғонистон як роҳи бузурги тиҷоратӣ дошта ва аз ин тариқ бо Осиёи Миёна ва кишварҳои муҳим равобити иқтисодӣ барқарор кунад”. Ба навиштаи Карнил Имом, ISI дар он замон дар Қандаҳор, Ҳилманд, Хуст, Нангарҳор ва Кунар проектҳои муҳиме дошт ва ба гунаи хос бо устонҳои ҷанубии Афғонистон равобит барқарор карда буд.
Ӯ ҳамчунон навиштааст, ки ISI ба далели нигаронӣ аз истихбороти Ҳиндустон ва балучҳо бар ин минтақа назорати ҷиддӣ менамуд.
Ин афсари созмони истихборотии Покистон, ки аз нахустин рӯзҳои шаклдиҳии гурӯҳи Толибон ба унвони нозир ва тарроҳ аз сӯи ISI ба Қандаҳор фиристода шуда буд, хотироташро чунин навиштааст: “Дар авоил барои раҳбарони гурӯҳи толиб, ки тоза шакл гирифта буд, як тарзуламал ва стратегия ниёз буд, зеро аз як тараф Мавлавӣ Абдусамад буд, ки гурӯҳи бузурге аз Толибонро дошт, тарафи дигар Мулло Умар буд, ки ҷисман заиф, вале дар паҳлуи Мулло Умар яке аз дӯстони наздики вай буд, ки бо номи Ҷаг Мулло Муҳаммад машҳур буд, ҳамеша дар паҳлуи Мулло Умар менишаст, ба воқеият ҳам қадбаланд буд, ҳоло низ чеҳрааш пеш чашмонам меояд”.
Ин афсари созмони истихборотии Покистон нигоштааст, ки “мо бештарин ҷаласоти худро дар шаҳристони Майванд дар Спин Ҷумот, ҳавзи Мадад, Сангисор, ва масҷиди ҷомеи Ҳоҷӣ Ғиёсиддин мегирифтем. Ману дӯстон як муддати дароз дар баъзе шаҳристонҳои Қандаҳор ва Ҳилманд кор карда будем ва барои мунсаҷим сохтани гурӯҳи Толибон роҳиҳалҳоро месохтем.
Барои ин ки битавонем бо гурӯҳи Толибон дар сохтани як қувват кӯмак кунем, дар 13 июни 1996 дар масҷиди Ҳоҷӣ Ғиёсиуддин ба рӯзу шаби панҷшанбе заминаи як ҷаласаро баробар сохтем. Дар ин ҷаласа ҳамроҳи Мулло Умар, Мулло Абдусамад, Ҳоҷӣ Башир, Мавлавӣ Сайид Муҳаммад, ки дар байни гурӯҳи Толибон ба номи Мавлавӣ Ёсинӣ машҳур буд ва Мавлавӣ Абдулҳаким низ ҳузур дошт.
Ба навиштаи Карнил Имом, дар ин минтақа нуфузи зиёд аз Мавлавӣ Ёсинӣ буд ва аз вазъият чунин маълум мешуд, ки ин ҷо мардуми ҷамъшуда, ба ҷои Мулло Умар ба Мавлавӣ Ёсинӣ лақаби “Раис”-ро хоҳанд дод, аммо хости истихбороти Покистон Мулло Умар буд.
Ӯ навиштааст, ба кӯмаки Ҷаг Мулло Муҳаммад, ба Мулло Умар паём равон кардам, ки таъйин кардани раиси кумитаро ба ҷаласаи баъдӣ ба таъвиқ андохта шавад. Кӯшиши мо ин буд, ки раҳбарии ин кумита ба Мулло Умар дода шавад. Ҳамин буд, ки ин нишаст бенатиҷа ба поён расид ва мо ба Мулло Умар машвараи рафтан ба марокизу мадориси Толибонро додем.
Барои чанд рӯз Мулло Умар ва Мулло Абдусамад бар марокизу мадориси Толибон гаштанд ва барои сохтани як Кумитаи уламои динӣ кӯшишҳои ҷалби ҳимояти эшонро мекарданд.
Ин афсари покистонӣ ҳамчунон чашмдидашро аз фарҳанги ҳамҷинсгароӣ ё “бачабозӣ” дар миёни фармондеҳони гурӯҳи Толибон, ки ҳар кадом иддаои раҳбарии ин гурӯҳро дар рӯзҳои оғози шаклдиҳии гурӯҳи Толибон доштанд , чунин ривоят кардааст: “Дар Қандаҳор бачабозӣ як сухани одиву осон аст. Дар он ҷо ашхоси зӯргӯву молдор бачаҳоро низ бо худ мегардонанд, барои онҳо туҳфаи хосе мекунанд ва намегузоранд, ки дилтанг шаванд.
Дар Қандаҳор мардум бар нигаҳдории бачаҳо ифтихор мекунанд ва инро барои худ ҳеҷ шарм намедонанд, аммо барои ман ба хотире ҷойи тааҷҷуб буд, ки дар назди Мулло Умар барои аввалин бор дидам бачае, ки дар назди Мулло Умар буд, бар хилофи масҷид, мӯҳои дароз, кулоҳи қандаҳорӣ бар сар ва як навъ чашми обиранг дошт. Ҷаг Мулло гуфт, ки аз шогирдон хоси Мулло Умар Охунд аст. Ман ба Ҷаг Мулло гуфтам, ки шогирди хоси Мулло Умар зиёд хос аст.
Ӯ гуфт: “Чаро мулло ва охунд дил надорад ё чӣ?” Бо ин ҳама дӯстон ханда карданд”.
Карнил Имом нахустин фармондеҳӣ ва раҳбарии Мулло Умар барои ҷангро интиқомгирии вай аз қотилони бачаберишаш хонда ва навиштааст: “Дар маркази шаҳристони Майванд дар як потак (посгоҳ) як фармондеҳи маҳаллӣ ба номи устод Абдулалим бар дӯстони Мулло Умар ҳамлаи мусаллаҳона намуда ва Мулло Умар бисёр қаҳр шуда, ба Мулло Абдуссаттор ва дигар дӯстонаш амр кард, ки барои кӯмак ба он ҷо бираванд. Дар ин ҷанг 17 тан, ба шумули Мулло Абдусаттор ва ҳамон бачаи мақбул, ки шогирди хоси Мулло Умар буд, низ кушта шуданд. Мулло Умар бар кушта шудани шогирди хосаш бисёр нороҳат буд ва ба яке аз фармондаҳонаш гуфт, интиқомашро мегирӣ ва чунин намегузорӣ”.
Ба навиштаи имоми гурӯҳи Толибон, интиқомгирӣ дар байни паштунҳо як расми аҷиб аст: “Ман аз дӯсти худ хостам, ки аз Мулло Умар ҳимоят карда ва барои ӯ имконот бидиҳад. Ҳоҷӣ Нурзай ба Мулло Умар ва Мулло Абдусамад гуфт, ки ҳама имконоту афроди ман тобеи амри шумо ҳастанд. Ҳамчунон чанд мутарро низ ба онон нишон дод, ки аз он истифода карда метавонанд.
Ин аввалин воқеае буд, ки Мулло Умар фармондеҳиашро дар даст гирифт ва худаш раҳбари як ҳаракат шуд.
Ба навиштаи ин афсари истихбороти Покистон, як рӯз аз Ҷаг Мулло пурсидам, ки охунд соҳиб, чӣ тур аст? Ў гуфт: “Бисёр қаҳр аст. Ҳар рӯз барои дуо ба қабри шогирди худ меравад ва мегӯяд, ки интиқомашро хоҳад гирифт”.