Кишварҳои минтақа нозири авзоъи ҷорӣ дар Афғонистон ҳастанд ва барои дифоъ аз худ метавонанд иттиҳоди минтақавӣ эҷод кунанд

Нависанда: Аҳмад Саидӣ, коршиноси аршади умури Афғонистон

Нишасти Маскав, ки ба таърих 16 моҳи ноябр, рӯзи чаҳоршанбеи оянда баргузор мешавад ва тамоми барнома ва баҳси он рӯи масъалаи Афғонистон аст, ба хотири ин хостам то таърихчаи ин нишастро ҳама дӯстон бидонанд ва ин нишастро думбол намоянд.

Формати Маскав дар соли 2017 бар асоси механизми мушовираи кишварҳои Русия, Чин, Афғонистон, Эрон, Ҳинд ва Покистон эҷод шуда буд. Охирин нишасти ин формат дар 19 октябри соли 2021 баргузор шуд, ки дар он даҳ кишвар ба иловаи намояндаи Толибон Абдуслом Ҳанафӣ, муовини идории раёсатулвузаро ҳузур доштанд.

 Таърихи нишасти чаҳорум 16 ноябри 2022 эълом шудааст бо ин тафовут, ки дар ин нишаст намояндаи Толибон ва кишвари Амрико даъват нашудаанд. Иштироккунандагони нишасти машваратии Маскав дар мавриди Афғонистон (Русия, Чин, Ҳинд, Эрон, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон) мебошад.

 Ҳамчунон дар нишастҳои гузашта меҳвари баҳсҳо мутафовит буд ва ҳузури Толибон ба хотири шароити ба расмият шинохта шудан ва тақаллои онҳо барои ҷалби эътимоди ширкаткунандагони ин иҷлос будааст. Аммо ин бор ба Толибон ин чонс дода нашудааст. Ин масъала борҳо аз забони кишварҳои минтақа ва ҷаҳон шунида шудааст, ки Толибон ба тааҳҳудоти худ амал накарда ва меъёроти ба расмият шинохта шуданро низ такмил накардааст.

Боқӣ меҳварҳои баҳс, монанди нишастҳои гузашта, рӯи таҳдидҳои террористӣ аз хоки Афғонистон дар баробари ҳамсоягон ва кишварҳои Осиёи Миёна, мубориза бо тавлид ва транзити маводи мухаддир, ҳуқуқи башар ва масъалаи занон, вазъияти иқтисодӣ ва кӯмакҳои башардӯстона аст.

Дар ин бора Толибон гуфтаанд, ки бидуни ҳузури онҳо ин нишаст ноқис аст ва фоидае нахоҳад дошт.

Даъват нашудани Толибон нишондиҳандаи беэътимодии кишварҳои иштироккунанда дар ин нишаст аст. Вазири хориҷаи Ҳинд дар дидораш аз Маскав дар баёнияи муштарак бо ҳамтои русии худаш Лавров аз таҳдидҳои террористии Афғонистон ибрози нигаронӣ кард ва аз Толибон хост то бо рушди терроризм дар хоки Афғонистон муқобила кунанд. Ин дар ҳоле аст, ки гузоришот аз дохили Афғонистон ва дидорҳои намояндагони Толибон ва раиси созмони ҷосусии Амрико ва кӯмакҳои ҳафтавори миллиондолларӣ ба Толибон ибҳомот ва саволоти зиёдеро бар тааҳҳудоти Толибон дар мавриди ҳифзи хоки Афғонистон аз табдил шудан ба пойгоҳи тавлид терроризм, матраҳ мекунад.

 Ҳамчунон даргириҳои минтақаӣ байни кишварҳои Чин ва Тайван, Русия ва Украина, эътирозоти дохили Эрон ва танишҳои ҳамешагӣ бо Арабистон ва рақобатҳои Ҳинду Покистон ҳама ва ҳама боис мешавад то кишварҳои минтақа аз ҳузури мудохилагари билқувва (Амрико) дар хоки Афғонистон нигарон бошанд ва барои пешгирӣ аз вахомати авзоъ чорае бисанҷанд.

Сергей Лавров дар бораи натоиҷи ин нишаст гуфтааст, ки Толибон дар ҷараён қарор хоҳанд гирифт. Ин тағйири мавзеъи кишварҳои формати Маскав дар бораи Толибон метавонад паёме барои ҳомиёни толиб дошта бошад, ки кишварҳои минтақа нозири авзоъи ҷорӣ дар Афғонистон ҳастанд ва барои дифоъ аз худ метавонанд иттиҳоди минтақавӣ эҷод кунанд.

Тавофуқи Амрико ва Толибон дар Доха барои ду тараф муофиятҳоеро эҷод кард ва баъд Амрико аз Афғонистон ба шакл масхараомезе хориҷ шуд ва 3 триллион доллар таҷҳизоти низомиро барои онҳо ба ҷой гузошт ва баъд аз он ба шакли ошкору пинҳон кӯмакҳои молӣ, дипломатӣ, омӯзишӣ ҳамалоти низомии худро ба Толибон идома додааст. Ин таҳаррукот аз диди созмонҳои истихборотии кишварҳои ҳамсоя ва минтақа пинҳон намондааст. Чин аз манотиқи ӯйғурнишин ва Русия аз ҷунбишҳои исломии вобаста ба Толибон мавриди таҳдид ҳастанд. Қудрат гирифтани Толибон мусовӣ аст бо афзоиши таҳдидоти террористӣ ва ташдиди ифротият дар Осиёи Миёна ва ба таъқиби он барои Чин, Русия ва Ҳинд.

Нишасти Маскав ҷоест, ки се паҳновартарин ва парҷамъияттарин кишварҳои дунё - Русия, Ҳинд ва Чин ба ҳамроҳи ҳамсоягон Афғонистон, (эҳтимолан) бо ташкили нерӯи муштараки низомӣ барои ҳифозати марзҳои шимоли Афғонистон иттиҳод ва қудрати худро дар баробари Амрико ва нерӯҳои дастнишондаи он, яъне Толибон ба намоиш хоҳанд гузошт.