Толибон тарҳи эҷоди артиши ҷадидро анҷом доданд, аммо сатҳи ҳирфаӣ будани нерӯҳои мусаллаҳи эҷодшуда дар Афғонистон ҳанӯз зери савол аст.
Нависанда: Андрей Серенко, раиси Маркази таҳлилии Ҷамъияти сиёсатшиносони Русия
Манбаъ: “Независимая газета”
Дар соли 2022, вазифаи аслии Толибон (созмони мамнуъа дар Русия), ки пас аз такмили тахлияи нерӯҳои ғарбӣ дар августи 2021 дар Кобул ба қудрат расид, эҷоди як артиши муназзами исломии ҷадид дар Афғонистон буд. Ҳудуди як сол пеш, дар авохири соли 2021, Толибон як кумитаи созмондеҳии вежа аз 20 корманди бонуфузи худ барои ислоҳи артиш ба раҳбарии мулло Муҳаммад Яъқуб, вазири дифоъ, писари мулло Муҳаммад Умар, бунёнгузори Толибон эҷод карданд. Аъзои "Кумитаи 20" тавсеаи сохтории созмони вазорати дифоъ ва тарҳи ислоҳоти низомиро ба таври куллӣ дар даст гирифтанд.
Дар ҳамон замон, январи 2022, пешнависи аввалин будҷаи давлатии Толибон таҳия шуд, ки пояи молии лозим барои як ислоҳоти низомии бузургро ташкил дод: Толибон 42 дарсад аз кулли будҷаро ба блоки амниятӣ ихтисос дод. Аз ин маблағ тақрибан 24 дарсад ба вазорати дифоъ ва 18 дарсади боқимонда ба вазорати умури дохила таҳти раҳбарии Сироҷуддин Ҳаққонӣ, раҳбари “Шабакаи Ҳаққонӣ” (-и мамнуъа дар Русия) ва рақиби аслии мулло Яъқуб дар мубориза барои нуфуз дар давлати Толибон тааллуқ гирифт. Сохтори махориҷи будҷа ҳеҷ тардиде дар мавриди авлавиятҳои сиёсии режими Толибон боқӣ нагузошт: барои муқоиса, “муллоҳои хашмгин” 2.1 дарсади будҷаро барои тандурустӣ, 0.7 дарсадро барои нақлиёт ва иртиботот, 0.5 дарсадро барои энергетика ва 0.5 дарсадро барои хадамоти иҷтимоӣ ихтисос доданд.
Дар ибтидо раҳбарони Толибон барномаҳои худро барои эҷоди як артиши исломии ҷадиди муташаккил аз як лашкар (100 ҳазор нафар) эълом карданд. Ба ҳар ҳол, дар даврони охирин раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ, Покистон, ҳомии сиёсии аслии Толибон, бар чунин теъдоди кулли блоки қудратии Афғонистон (артиш, вазорат дохила, сервисҳои амниятӣ ва иттилооте) исрор дошт. Дар Исломобод ҳамеша мехостанд Афғонистон заифтарин артишро дошта бошанд, то Кобулро аз баландпарвозиҳои ба чолиш кашидани “хатти Дюранд” (марзе, ки англисҳо дар замонаш бо Ҳинд ва сипас бо Покистон ихтироъ карданд ва тавассути ҳеҷ ҳокими афғонӣ ба расмият шинохта нашуд) маҳрум кунанд. Ҳанӯз 2 январи 2022, намояндаи расмии вазорати дифоъи Толибон, Иноятуллоҳ Хоразмӣ, аз "такмили 80 дарсад"-и раванди эҷоди артиши муназзами исломии ҷадид дар Афғонистон хабар дод. Яъне фарз бар ин буд, ки “муллоҳои хашмгин” қаблан 80 ҳазор сарбоз ва афсар аз артиши 100-ҳазорнафарии Толибонро ҷазб кардаанд.
Дар ҳамон замон, сохтори артиши ҷадиди Толибон саранҷом шакл гирифт: ин артиш шомили ҳашт қули урду (корпус, сипоҳ) - и мустақар дар Кобул ва ҳафт шаҳри бузурги дигари кишвар (Кандаҳор, Ҳирот, Мазори Шариф ва ғайра) буд. Теъдоди ҳар сипоҳ 10-12 ҳазор нафар тасвиб шуд. Ин қули урдуҳоро толибони паштун аз миёни фармондеҳони наздик ба мулло Яъқуб фармондеҳӣ мекарданд. Қорӣ Фасеҳуддин, тоҷики бадахшонӣ, ба унвони раиси ситоди кулли артиши ҷадид мансуб шуд, ки тақрибан ҳеҷ таъсири воқеӣ бар мудирияти нерӯҳои мусаллаҳи "муллоҳои хашмгин" надорад. Артиши ҷадиди Толибон як воҳиди террористони интиҳорӣ дорад.
Дар авосити феврали 2022, мулло Яъқуб ба таври ҳамзамон эҷоди артиши ҷадид ва таъдили нерӯи аввалияи он - ибтидо ба 110 ҳазор нафар ва сипас ба 150 ҳазор (яъне яку ним лашкар)-ро эълом кард. Дар он замон, ба гуфтаи сарпарасти вазорати дифоъ, аввалин 10 ҳазор сарбози ҷадид аз миёни шибҳи низомиёни Толибон омӯзиш дида ва 80 ҳазор довталаб низ дар артиш сабти ном карданд. Мулло Яъқуб таъкид кард, ки 90 дарсад персонали вазорати дифоъи Толибон аз замони ҷумҳурӣ ҳастанд. Ба гуфтаи вай, Толибон қасд дорад то афсарони собиқи артиши Афғонистонро, ки таҷрибаи размӣ ва фармондеҳии нерӯҳоро доранд, то ҳадде басиҷ кунад.
Далели афзоиши теъдоди артиши Толибон ба 150 ҳазор нафар вахомати авзоъ дар “хатти Дюранд” буд, ки барои нозирони хориҷӣ ғайримунтазира буд: аз замистони 2021-2022 ва сипас дар тӯли соли 2022, дар марзи Афғонистону Покистон даргириҳои маҳаллӣ байни Толибон ва нерӯҳои амнияти Покистон ба таври муназзам рух медод. Бар асоси баровардҳои ноқис, дар ҳоли ҳозир ҳадди ақал даҳҳо даргирӣ аз ин даст вуҷуд дорад ва метавон интизори афзоиши онҳоро дар соли ҷадиди 2023 дошт. Бар хилофи интизори Исломобод, Толибони Афғонистон ҳамсояҳои беҳтар аз аслофи ҷумҳурихоҳи худ набуданд.
Дар моҳи апрел теъдоди артиши Толибон ба 110 ҳазор, дар моҳи май - 130 ҳазор, дар моҳи октябр ба 150 ҳазор нафар расид. Бад-ин тартиб “муллоҳои хашмгин” ба тааҳҳудоти худ дар робита бо созмондеҳии муҷаддади артиши Афғонистон то поёни соли ҷории мелодӣ амал карданд.
Раҳбарии низомии Толибон дар талош аст то аз тариқи эҷоди мадориси низомӣ - мазҳабӣ (мадориси ҷиҳод), ки кӯдакону навҷавонони 7 то 14 соларо омӯзиш медиҳад, низоме барои омӯзиши нерӯҳои захира ташкил кунад. Ин мадорис тақрибан дар тамоми 400 шаҳристони кишвар боз шудаанд ва наздик ба як сол аст, ки чандсад ҳазор ҷавон дар онҳо машғул ба омӯзишҳои “ҷиҳодӣ” ҳастанд. Бахши қобили таваҷҷуҳе аз мадориси низомӣ-мазҳабӣ дар манотиқи шимоли Афғонистон ва дар муҷовирати марзҳои ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ воқеъ шудааст.
Бо ин ҳол, сатҳи ҳирфаӣ ва коромадии артиши ҷадиди Толибон ҳамчунон зери савол аст. Дар ҳар сурат, алорағми ҳама талошҳо, Толибон дар соли 2022 натавонист ду мушкили муҳиммро барои худ бартараф кунад: Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмади Масъуд ва Давлати исломӣ (ДОИШ)-и мамнуъ дар Русияро. Сарбозони Ҷабҳаи муқовимат зерсохтҳои муқобилаи қотеъ бо Толибонро дар вилоёти Панҷшер ва Бағлон ҳифз карданд ва қасд доранд дар баҳори соли 2023 ба даргириҳои фаъол дар шимоли кишвар рӯй оваранд. Бар асоси манобеъи мухталиф, теъдоди сарбозони Ҷабҳаи муқовимат 2-4 ҳазор нафар аст. Теъдоди шохаи афғонистонии Давлати исломӣ, ки ҳомиёни он ҳамалоти террористиро дар Кобул ва дигар шаҳрҳои бузурги Афғонистон анҷом медиҳанд, низ тайи як сол ба 6 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.