Парадокси бархӯрди интихобии минтақа ва фароминтақа дар чист?
Нависанда: Абдуносир Нурзод Тоҷик, пажӯҳишгари сиёсат ва геополитика, махсус барои “Сангар”
Дар панҷ соли ҳузури Толибон дар қудрат, чанд пурсиши асосӣ ҳамчунон беҷавоб мондаанд: Толибон чӣ гуна ба як асли тафоҳуми нонавиштаи миёни минтақа ва фароминтақа табдил шудаанд? Ин тафоҳум то куҷо боиси ҳифзи ин гурӯҳ дар қудрат хоҳад шуд ва ҳамкории машрут ва интихобии минтақа ва фароминтақа бо ин гурӯҳ бар кадом ҳадафҳо ва ҳисобу китобҳо устувор аст?
Барои дарки беҳтари масъала, зарур аст аз ҷойгоҳи ҷуғрофиёи Афғонистон дар як қарни гузашта ёдовар шавем; яъне ин ки гузари Афғонистон аз “давлати ҳоил”-и қарнҳои нуздаҳум ва бистум ба “давлати мунзавӣ”-и қарни бисту якум ва дар пайи он, таҳаввул ба сӯи як муҳити шинокунандаи чандқабатаи геополитикӣ бо бозигарони мутааддиди минтақаӣ ва фароминтақаӣ, метавонад асли муҳиме барои таҳлили вазъияти кунунӣ ва посух ба як пурсиши асосии дигар бошад: Толибон чӣ гуна ва кай аз қудрат сарнагун хоҳанд шуд ва ҷаҳон бо ин гурӯҳ чӣ хоҳад кард? Дар ниҳоят, ин равиш осонии фаровоне дар таҳлили вазъияти мавҷуд ва чароии ҳамкории машрут, интихобӣ ва масъаламеҳвар бо Толибон эҷод мекунад.
Аввал бояд возеҳ бисозем, ки Афғонистон, бар иловаи ҷойгоҳ дар имтидоди хатҳои гусели стратегӣ, дар масири гусели геополитикӣ низ қарор гирифтааст. Интибоқи ин хатҳои гусел, ҳам геополитикӣ ва ҳам стратегӣ, ҳам мизони тарокими таҳдидҳо, чолишҳо ва бунбасти мавҷудро нишон медиҳад ва ҳам роҳеро барои дарки беҳтар ва амиқтари масъала фароҳам карда ва кумаки фаровоне дар табйини он мекунад. Зеро танҳо масъалаи амният, иқтисод, геополитика ва ё сиёсатҳои байналмилалӣ ба гунаи такмавридӣ, такиллатӣ ва муҷаррад қодир ба тавзеҳи печидагиҳои мавҷуд нест. Ба ҳамин далел аст, ки аксарияти таҳлилҳои бархоста аз вазъият ва рӯйдодҳои мавҷуд, қодир ба табйини масъалаи феълии Афғонистон нестанд.
Дар зимн, лозим аст возеҳ бисозем, ки хатҳои гусели стратегӣ минтақаҳое ҳастанд, ки дар онҳо зиддиятҳои қавмӣ, ҷуғрофиёӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва геополитикӣ бар якдигар мунтабиқ мешаванд ва зарфияти тавлиди буҳрон доранд; дар ҳоле ки хатҳои гусели геополитикӣ танҳо маҳалли таорузи манофеи қудратҳо мебошанд. Бар ин асос, Афғонистон бар иловаи ҷойгоҳ дар хатҳои гусели стратегӣ, геополитикӣ ва гузар, бо пешинаи таърихии давлатҳои ҳоил ва мунзавӣ ба як муҳити чандқабатаи геополитикӣ бо бозигарони мутааддиди минтақаӣ ва фароминтақаӣ, дар вазъияти нави байналмилалӣ ва аз нуқтаи назари конунҳои алангагирифтаи буҳрон дар ҷаҳон, ба як бунбасти лоёнҳал табдил шудааст.
Дар ин миён, омилҳои мутааддиде бо паёмадҳои номатлуби ношӣ аз мавҷудияти ин хатҳои гусели геополитикӣ ва стратегӣ, амнияти минтақаро дар миёнмуддат таҳдид мекунанд. Илова бар он, омилҳои ҷуғрофиёӣ, монанди ҷойгоҳи қаторкӯҳи Ҳиндукуш дар сохтори қудрати Афғонистон ва дарки ин масъала, ки Ҳиндукуш ба унвони сутуни фақароти геополитикии Афғонистон ва марзи табиии миёни ҳавзаҳои қудрат дар сатҳи минтақаӣ ва фароминтақаӣ мебошад, бисёр муҳим аст.
Дар бисёре аз таҳлилҳо, Ҳиндукуш марзи табиии миёни Шарқу Ғарб, Шимолу Ҷануб, Арабу Аҷам, англосаксонҳо ва православҳои Машриқ ва хатти ҷудоӣ ва маҳалли рақобати шадид миёни тамаддунҳои Ҳинду Чин ба ҳисоб меравад. Бар илова, сархатти ин гусили геополитикӣ ва стратегӣ, яъне Бадахшон, маҳалли буриши се тамаддуни ҳиндӣ, чинӣ ва православӣ, нуқтаи пайвасти се камарбанди амниятии Ҷануб, Шарқ ва Шимоли Осиё ва маҳалли бархӯрди манофеи қудратҳои бузурги минтақаӣ ва фароминтақаӣ аст.
Аммо бо вуҷуди ин, ҷуғрофиёи шимоли Афғонистон, сарфи назар аз намуди оромаш, ба маҳалли симкашиҳои истихборотии минтақа ва фароминтақа табдил ёфтааст. Толибон низ дар ин таҳаввулоти драматикӣ, ки бар асари тафоҳуми зимнӣ, ғайримустақим ва нонавиштаи минтақа ва фароминтақа барои бақои ин гурӯҳ дар қудрат ба вуҷуд омадааст, ба таври нарм дар баробари муҳити амниятӣ, сиёсӣ ва иқтисодии минтақа рӯ овардаанд. Ҳамкории машрут, масъала-меҳвар ва ношӣ аз як равиши тактикӣ ва муқобилавӣ бо таҳдидҳои рӯзафзуни минтақа ва фароминтақа, барои Толибон фурсати истисноӣ ва вижаеро фароҳам кардааст. Буҳронҳои пайомади Украина дар Аврупои Шарқӣ, Эрон дар Осиёи Ғарбӣ ва аланга гирифтани конунҳои буҳрон дар дигар нуқоти ҷаҳон, фурсати бақои гурӯҳи Толибон дар қудратро ба унвони як суғуртаи сиёсӣ, тазмин кардааст.
Он чӣ маълум мешавад ин аст, ки ҷаҳон, ҳадди ақал то замони номуайян, ба ҳифзи вазъияти мавҷуд идома хоҳад дод. Аммо ин ки масири инкишофи таҳаввулоти оянда кадом омилҳоро боис хоҳад шуд, то дидгоҳи ҷаҳон нисбат ба Толибон тағйир кунад, ба чанд омил вобаста аст:
- Тағйир ёфтани рафтори Толибон ба унвони шарри мутлақ, аммо қобили қабул, ки боиси таҳаввулоти драматикӣ дар вазъият шуда ва ин гурӯҳро аз арсаи қудрат ба зер бикашад;
- Боло рафтани сатҳи таҳдидҳои амниятӣ, ки амнияти минтақа ва ҷаҳонро халалдор созад ва ин гурӯҳ аз назорати он оҷиз бимонад. Ҳадди ақал ин фарзия дар баробари қудратҳои минтақаӣ, мисли Чин, Русия ва Эрон, қобили татбиқ аст;
- Мизони тафоҳуми умумӣ ё тағйир ёфтани сатҳи рақобат дар сатҳҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ, ки боис шавад Толибон ба як унсури нолозим, осебзо ва тоқатфарсо табдил шаванд.
Аммо пеш аз он, баҳси ҳамкории машрут, масъаламеҳвар ва интихобӣ, се асли умда дар заминаи равобити миёни Толибон, минтақа ва ҷаҳон аст, ки мантиқи асосӣ ва пояи амалии дидгоҳи минтақа ва ҷаҳонро дар баробари Толибон шакл медиҳад.
Ҳамкории машрути амниятӣ танҳо ба маънои муқобила бо таҳдидҳо нест; балки талоше барои назорати динамикаи ноамнӣ ва эҷоди хатти фосила миёни марзи амният ва ноамнии густардаи минтақаӣ мебошад. Бар асоси дидгоҳи кишварҳои минтақа ва фароминтақа, эҷод ва фаъол нигоҳ доштани каналҳои иртиботии истихборотӣ бо гурӯҳи ҳоким дар Кобул, ба зарфияти бештари музокира оварда мерасонад ва заминаеро барои идора кардани вазъияти мавҷуд фароҳам месозад.
Асли дувум, ки иборат аз масъаламеҳвар будани ин иртибот бо Толибон аст, ношӣ аз ҳодисаҳои амниятӣ, бурузи буҳронҳои муваққатии амниятӣ ва талош барои ҳалли онҳо мебошад. Муҳоҷират, гурӯҳҳои террористӣ, қочоқи маводи мухаддир ва талош барои ҳифзи амният дар сатҳи болотар, аз ҳадафҳои асосии ин равиш мебошанд.
Дар ниҳоят, бархӯрди интихобӣ аст, ки парадокси асосии ин дидгоҳро дар баробари гурӯҳи ҳоким ба возеҳият нишон медиҳад. Барои мисол, нақзи ҳуқуқи башар, ҳаққи таҳсил ва кори занон, озодиҳои шаҳрвандӣ ва саркӯби густардаи мардум аз ҷониби баъзе кишварҳо маҳкум мешавад ва вокуниши тунде ба он нишон дода мешавад, дар ҳоле ки рӯзи дигар ҳайатҳое аз гурӯҳи Толибон барои баҳс ва музокира дар бораи масъалаҳои муҳоҷират, маводи мухаддир ва масъалаҳои амниятӣ ба ҳамин кишварҳо даъват мешаванд ва бо онҳо ҳамчун як давлат бархӯрд сурат мегирад. Дарки ин тазод ба талаботи амниятие вобаста аст, ки минтақа ва фароминтақа дар муносибатҳои гуногун ба он тавассул меҷӯянд.
Аммо мантиқи асосии ин таҳлил, ки иборат аз чароии ҳамкории кишварҳо бо гурӯҳи Толибон аст, омилҳои гуногунеро дар бар мегирад, аз ҷумла омилҳои геополитикӣ, геокултурӣ, амният, иқтисод ва сиёсатҳои байналмилалӣ. Минтақа ва ҷаҳон ҳар ду дар як ҳампӯшонии манофеи амниятӣ бо ҳам гиреҳ мехӯранд; дар ҳоле ки ихтилофи асосӣ бар сари асли манофеъ, муқобилияти дидгоҳҳо ва равишҳои гуногун дар рӯёрӯӣ бо рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ, геополитикӣ ва амниятӣ, тафовути қобили таваҷҷуҳеро миёни минтақа ва фароминтақа ба намоиш мегузорад.
Барои дарки ин масъала, зарур аст баъзе аз ҳампӯшониҳои манофеи минтақа ва фароминтақа дар робита ба ҳамкорӣ бо гурӯҳи Толибонро баршуморем ва бубинем, ки кадом баҳсҳо ва омилҳо боиси тамоюли бештари кишварҳо ба ҳамкорӣ бо Толибон мешаванд?
- Баҳси иртибототи фикрӣ ва фарҳангии кишварҳо, ки Афғонистон ва ҷуғрофиёи онро ҷузъи умқи стратегии худ ҳисоб мекунанд. Кишварҳои ҳамсоя ва минтақа бештар дар ин ҳалқа шомиланд;
- Баҳси манофеи иқтисодӣ, сиёсӣ ва идеологӣ, ки кишварҳои минтақа, ҳамсоя ва ҷаҳонро дар бар мегирад. Эрон бо нуфузи фарҳангӣ, Покистон бо диди умқи стратегӣ, Осиёи Марказӣ бо таваҷҷуҳ ба тиҷорат ва иқтисод, Ҳинд ва Туркия ва кишварҳои арабӣ дар талош барои ҳегемонияи сиёсӣ, Чин бо диди иқтисодӣ, сиёсӣ ва идеологӣ, шомили ин ҳалқа мебошанд;
- Баҳси рақобат дар арсаи нуфузи сиёсӣ ва фикрӣ, ки Чин, Русия, Эрон, Туркия ва кишварҳои арабиро дар бар мегирад;
- Баҳси истифода аз фурсатҳо барои кишварҳои дар қазияи Афғонистон дахил, ки аз ин буҳрон барои ҳадафҳои сиёсии худ талош мекунанд. Чин, Русия, Эрон, Покистон, Туркия, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Аврупо, Амрико ва Ховари Миёна ҳама шомили ин ҳалқа мешаванд.
-
Баҳси геополитика ва ҷуғрофиёи сиёсӣ, ки қудратҳои идеологӣ, ба монанди Чин, Русия, Эрон, Амрико ва баъзе аз кишварҳои аврупоиро дар бар мегирад. Албатта, нақши Туркия ва рақобати он бо ҷаҳони арабро ҳеҷ гоҳ набояд нодида гирифт. Туркия барои татбиқи идеяи пантуркизм бо кишварҳои Эрон, Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар рақобати доимӣ қарор дорад ва умдатан ҳавзаи ин рақобат Ховари Миёна, Осиёи Марказӣ, ҳавзаи Қафқоз ва Афғонистонро дар бар мегирад;
- Баҳси эҷоди занҷираҳое аз дӯстону муттаҳидони мутаориф ва ғайримутаориф, ки дар рақобатҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ барои қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақаӣ корбурд доранд. Дар ин баҳс, Афғонистон метавонад ба унвони як фишанги фишор барои имтиёзгирӣ дар дигар нуқоти ҷаҳон матраҳ шавад ва Толибон омодатарин нерӯ дар ин бозӣ ҳастанд;
- Терроризми ҷойгирифта дар ҷуғрофиёи Афғонистон заминаро барои бозиҳои мутааддиди сиёсӣ ва истихборотӣ барои кишварҳои гуногун фароҳам сохта ва фурсати хуберо дар ихтиёри Толибон қарор додааст;
- Баҳси маҷбуриятҳои сиёсӣ, амниятӣ ва иқтисодӣ, ки Ҷанубро ба Шимол ва Шарқро ба Ғарби Осиё мепайвандад ва нишон медиҳад, ки Афғонистон ҳамчунон, дар ҳар шароите, як ҷуғрофиёи ҷолиб ва қобили таваҷҷуҳ барои қудратҳои гуногуни ҳамсоягӣ, минтақаӣ ва ҷаҳонӣ мебошад ва аз ин аҳамият ҳеҷ гоҳ коста намешавад;
- Баҳси ҳузур дар майдони Афғонистон, ки қарор аст пас аз марҳилаи пасотолибонӣ ба вуқӯъ пайвандад. Кишварҳои гуногун намехоҳанд заминаҳои нуфуз, ҳузур ва шарикӣ дар майдони Афғонистонро ҳатто дар кӯтоҳтарин замон аз даст бидиҳанд.
- Баҳси барҷаста сохтани нақши созмонҳои ғайридавлатӣ, ки ба абзори фишор бар давлатҳо табдил мешаванд ва боис мегарданд, то масъулияти камтаре мутаваҷҷеҳи қудратҳое шавад, ки ҳамкорӣ бо Толибонро дар дастури кори худ қарор додаанд ва аз корти Толибон дар самти таъмини манофеи иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятии худ баҳра мебаранд;
- Баҳси набудани як қоидаи ҳоким бар вазъият ва низоми байналмилалӣ, ки ҳокимияти он комилан мунтафӣ аст ва низоми якқутбии силсиламаротибӣ дар ҳолати гузар ба ҷаҳони пасоқутбӣ қарор дорад. Аз ин рӯ, дар фазои анархии кунунӣ ҳеҷ қоидаи муназзаме барои ҳамкорӣ, ҳатто бо гурӯҳҳои террористӣ, вуҷуд надорад ва ҳам масъулияте дар ин арса мутаваҷҷеҳи омили мушаххас нест. Бинобар ин, баҳси ҳамкорӣ бо Толибон наметавонад ҷудо аз ин мабоҳис бошад.
Хулоса
Дар маҷмӯъ, ҳамкории ҷаҳон ва минтақа бо Толибон на бар пояи пазируфтани сиёсӣ ва идеологии ин гурӯҳ, балки бар мабнои ҳисобу китобҳои амниятӣ, геополитикӣ, иқтисодӣ ва зарурати идораи вазъияти мавҷуд шакл гирифтааст. Толибон дар фазои рақобатҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ, аз як сӯ ба як таҳдид ва аз сӯи дигар ба абзоре барои идораи таҳдидҳои бузургтар табдил шудаанд. Бинобар ин, то замоне ки ин гурӯҳ барои қудратҳои минтақаӣ ва фароминтақаӣ коркарди амниятӣ ва геополитикӣ дошта бошад, эҳтимоли ҳифзи вазъияти мавҷуд бештар аз тағйири он хоҳад буд.
Суқути Толибон замоне эҳтимолитар мешавад, ки ё рафтор ва зарфияти ин гурӯҳ низоми амниятии мавҷудро халалдор кунад ва ё дар ҳисобу китобҳои қудратҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ, аз як абзори қобили истифода ба як унсури нолозим ва осебзо табдил шавад.