Чигуна ҳамгароии фарҳангӣ метавонад ба тазъифи сиёсии тоҷикҳо мунҷар шавад?

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари сиёсат ва геополитика, махсус барои “Сангар”

Адабиёти сиёсии Афғонистон, ба вижа дар ҳавзаи сиёсати қавмӣ ва таборӣ, ба тадриҷ бо мафҳуми “ҳавзаи форсизабон” ошно шудааст. Ин мафҳум дар солҳои ахир вориди гуфтумони сиёсии кишвар шуда ва агарчи дар зоҳир чандон ҳассосиятбарангез ба назар намерасад, аммо муҳтавои аслӣ ва аҳдофи ниҳоии он камтар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.

Аз он ҷо, ки бахши умдае аз ҳассосияти тоҷикҳо мутаваҷҷеҳи масъалаи паштунҳо ва ҳокимияти қавмии онон аст, бисёре бидуни таваҷҷуҳ ба моҳият, аҳдоф, барномаҳо ва тазодҳои таърихии нуҳуфта дар паси ин мафҳум, бо он бархӯрд мекунанд. Дар ҳоле, ки агар ба асли қазия ва муносиботи таърихӣ миёни ҳавзаи форсизабон ва дастикам он даста аз гурӯҳҳое, ки забони худро аз тоҷикҳо ба орият гирифтаанд, таваҷҷуҳ шавад, рӯшан хоҳад шуд, ки мушкили мо сирфан ба ҳокимияти қавмии паштун маҳдуд намешавад.

Дар ин миён, афроде низ вуҷуд доранд, ки ба зоҳир худро тоҷик медонанд, аммо зери таъсири ин мафҳум қарор гирифта ва табли ҳамгароӣ ва ҳамростоӣ бо онро ба садо даровардаанд. Онон талош мекунанд бо ҳамроҳии ин ҷараён, ҳавзае муштарак барои мубориза алайҳи паштунҳо ба вуҷуд биёваранд. Аммо ман ба ин азизон тавсия мекунам, ки дастикам таърихи се даҳаи ахирро бо диққат ва жарфнигарӣ баррасӣ кунанд, то дарёбанд, ки дар кадом мақтаъ, миёни мо ва ғайритоҷикҳо ҳамоҳангӣ, ҳамростоӣ, иттиҳод ва тавофуқи назари пойдоре вуҷуд доштааст, ки акнун битавонем ба ояндаи чунин эътилофи ноҳамгун, хом, бемоя ва орӣ аз садоқат дил бибандем.

Масъала аз ҷое мушкилсоз мешавад, ки ба зоҳири нарм ва беозори мафҳуми “ҳавзаи форсизабон” таваҷҷуҳ кунем; яъне муборизаи муштараки тоҷикҳо бо ғайритоҷикҳо дар баробари паштунҳо, чӣ дар қолаби федерализм, чӣ зери унвони ҳавзаи форсизабон ва чӣ дар чорчӯби ҷунбишҳои чанднафараи ғайритоҷикӣ, ки аз назари ман, моҳияте хатарнок ва зананда барои тоҷикҳо доранд. Зеро дар бистари рақобатҳои кунунии сиёсӣ ва ҳувиятӣ, чунин мафоҳиме беш аз он ки абзоре барои таъриф ва тасбити ҷойгоҳи тоҷикҳо бошанд, талоше барои эҷоди назме ҳувиятӣ бо меҳварияти ғайритоҷикҳо ба шумор мераванд.

Мехоҳам ин масъаларо андаке бештар тавзеҳ бидиҳам. Мавзӯъ ин аст, ки аз тавон, қудрат, эҳсосот, дониш ва забони тоҷикҳо барои мубориза алайҳи паштунҳо истифода шавад; тоҷик зиндонӣ шавад, шиканҷа шавад ва ба душмане мушаххас барои Толибон ва паштунҳо табдил гардад, дар ҳоле, ки дигарон дар ҳошияи амни сиёсат боқӣ бимонанд ва мунтазир шаванд, то тоҷик ҳазинаи муборизаро бипардозад ва онон аз натоиҷи он баҳраманд шаванд.

Ҳатто бархе афрод бо ҳувиятҳои машкуки ғайритоҷикӣ, чунин дидгоҳи интиқодиеро навъе иртидоди тоҷикӣ талаққӣ карда ва онро ба масобаи душманӣ бо худ қаламдод мекунанд. Ба бовари ман, пеш аз ҳар чиз, ин даста аз афрод бояд аз назари ҳувият ва решаҳои табории худ мавриди баррасӣ қарор гиранд, то рӯшан шавад, ки воқеан тоҷик ҳастанд ё хайр. Дар сурате ҳам, ки тоҷик будани онон таъйид шавад, бояд аз назари тарбияти сиёсӣ, маниши тоҷикона, бовар ба иқтидори тоҷикҳо, эътиқод ба воқеӣ ва айнӣ будани масъалаи тоҷик ва шинохти ниятҳои ғайрисодиқонаи бархе ҷараёнҳои ғайритоҷикӣ, мавриди омӯзиш ва бознигарии мустамир қарор гиранд.

Ба иборати дигар, ин бемории кӯдакона, ки дигаронро бидуни шинохти манофеъ ва аҳдофашон шарики суфраи тоҷикҳо бисозем, агар идома пайдо кунад, ба маънои хиёнат ба ҳуқуқи тоҷикҳо ва ҷафо дар ҳаққи онон хоҳад буд. Аз ин манзар, касоне, ки фоқиди рӯҳия ва андешаи тоҷиконаанд ва дар айни ҳол худро намояндаи ин ҷомеа муаррифӣ мекунанд, бояд дар баробари мавозеъи ва амалкарди худ посухгӯ бошанд ва дар сурати исботи хиёнат, бо тарди сиёсӣ ва иҷтимоӣ мувоҷеҳ шаванд.

Акнун як пурсиши асосӣ матраҳ мешавад: гумоштагони ношиносе, ки зери номи тоҷик аз пружаи ҳавзаи форсизабон ҳимоят мекунанд, чӣ касонеанд? Бо чӣ ангезае ва бар асоси кадом муҳосиботи сиёсӣ ин пружаро матраҳ мекунанд? Оё воқеан бовар доранд, ки ҳавзаи форсизабон метавонад роҳи ҳалли мубориза барои дастёбии тоҷикҳо ба иқтидори сиёсӣ бошад, ё ин ки огоҳона, созмонёфта ва бо маъмурияте мушаххас вориди фазои сиёсии тоҷикҳо шудаанд?

Оё бо тарҳе мувоҷеҳ ҳастем, ки мекӯшад бидуни ба расмият шинохтани ҷойгоҳи таърихӣ ва иҷтимоии тоҷикҳо, аз зарфияти забони форсӣ барои эҷоди ҳавзае ҷадид аз нуфузи фарҳангӣ ва сиёсӣ истифода кунад? Ё ин ки дар паси ин барнома, паёмадҳое нуҳуфтааст, ки метавонад ба тазъиф ва ҳатто ҳазфи сиёсии тоҷикҳо мунҷар шавад?

Барои мисол, агар чунин бошад, тафовут миёни рафтори паштунҳо ва Толибон бо ин ҳавзаи форсизабони ғайритоҷикӣ, дар чист? Тафовут миёни ҷафое, ки онон дар ҳаққи мо раво медоранд ва аҳдофе, ки ин ҷараён дунбол мекунад, куҷо мушаххас мешавад?

Барои ин пурсишҳо посухҳои қонеъкунандае вуҷуд надорад. Асосан мо аз чӣ касоне интизори посухгӯии содиқона ва шаффоф дорем? Аз гумоштагони берунӣ ё аз он даста афроде, ки бидуни дарки манофеи тоҷикҳо, дар пайи онанд, ки ин ҷомеаро дар як пружаи сиёсии ғайритоҷикӣ мустаҳил созанд ва заминаи маҳви онро дар ҷуғрофиёи сиёсии Афғонистон фароҳам кунанд? Чӣ касе бояд ба ин пурсишҳо посух бидиҳад?

Мутаассифона, ҳангоме, ки дар миёни худи тоҷикҳо бо нуфузиҳо ва ҷараёнҳои фоқиди садоқати сиёсӣ рӯбарӯ ҳастем, шиносоии тарафи муқобил ва муқобила бо он низ душвор мешавад. Дар чунин вазъияте, аз зарфият ва эътимоди худи тоҷикҳо алайҳи худашон истифода мешавад ва ин яке аз печидатарин абъоди масъала аст.

Аммо мавзеъи мо рӯшан аст: ҳар тарҳе, ки бихоҳад аз зарфияти геополитикӣ, фарҳангӣ ва забонии форсӣ баҳрабардорӣ кунад, аммо нақш ва ҷойгоҳи тоҷикҳоро дар муодилоти худ нодида бигирад, бо як таноқузи сохторӣ мувоҷеҳ хоҳад шуд. Бо ин ҳол, бархе афроди кӯтоҳандеш, ки зери номи тоҷик ва мубориза бо душманони он фаъолият мекунанд, ё аз дарки ин таноқуз оҷизанд ё намехоҳанд бо он мувоҷеҳ шаванд.

Аз сӯи дигар, инъитофи беҳисоб дар пазириши дигарон дар ҷамъи тоҷикҳо, он ҳам зери унвони ҳавзаи форсизабон, метавонад ҷойгоҳи тоҷикҳоро мутазалзил созад, хутути сурхи таъмини манофеи ононро камранг кунад ва таърифи рӯшане аз манофеъ ва ояндаи сиёсии ин ҷомеа ироа надиҳад. Пурсиши асосӣ ин аст, ки мудирият, раҳбарӣ, пешоҳангӣ, намояндагӣ ва фармондеҳии сиёсии тоҷикҳо дар чунин сохторе чигуна таъмин хоҳад шуд?

Ин рӯйкард, ки аз назари ман навъе содаандешии сиёсӣ аст, метавонад ба тазъифи ҷойгоҳи тоҷикҳо, эҷоди шикофҳои фикрӣ ва тақсими ҳавзаи густардаи тоҷикандешӣ мунҷар шавад. Гӯӣ ҳадаф он аст, ки тоҷикҳо ҳеч гоҳ ба иттиҳод ва иттифоқи назар нарасанд ва ба асли раҳбарӣ ва фармондеҳии мустақилли худ таваҷҷуҳ накунанд.

Бар ҳамин асос, тафовути асосии дидгоҳ миёни мо ва бархе аз ин афрод дар он аст, ки мо ҳамчунон миёни ҳамгароии фарҳангӣ ва тасоҳуби сиёсии як ҳавзаи ҳувиятӣ, фосилае ҷиддӣ мебинем. Аммо дигарон ба ин масъала таваҷҷуҳ намекунанд, бо он сатҳӣ бархӯрд мекунанд ва мубориза бо паштунҳоро ба танҳоӣ роҳи ҳалли ҳамаи мушкилот медонанд.

Истидлоли мо ин аст, ки тоҷикҳо дар майдони сиёсат амалан танҳо мондаанд ва муттаҳиди содиқ ва қобили эътимоде дар канори худ надоранд. Бинобар ин, набояд фиреби шиорҳои миёнтиҳиро бихӯранд. Мо замоне барои ҳамгароӣ арзиш қоил ҳастем ва онро мепазирем, ки бар пояи эҳтироми мутақобил, пазириши тафовутҳо, шиносоии нақши таърихии гурӯҳҳо ва мушоракати баробар шакл гирифта бошад. Аммо ончи акнун мушоҳида мешавад, истифодаи абзорӣ аз унвони фарогири ҳавзаи форсизабон дар чорчӯби пружае сиёсӣ аст, ки аз назари мо, моҳияте ба шиддат зиддитоҷикӣ дорад.

Чунин пружае талош мекунад сармояи маънавӣ, фарҳангӣ, забонӣ ва тамаддунии тоҷикҳоро аз онон салб кунад, ҷойгоҳашонро ба ҳошия биронад ва ибтикори амали фарҳангӣ, сиёсӣ, низомӣ ва забониро аз онҳо бигирад. Дар ниҳоят, ҳадаф он аст, ки тоҷикҳо дар чорчӯби барномае мудириятшуда, ба нерӯе ғайрифаъол ва фоқиди истиқлоли амал табдил шаванд.

Аз манзари геополитикӣ ва амниятӣ низ чолиши дигаре вуҷуд дорад. Идғоми тоҷикҳо дар барномаҳое, ки зери унвони федерализм ва ҳавзаи форсизабон матраҳ мешаванд, метавонад ба тазъифи моликият ва тааллуқи ҷуғрофиёии онон бианҷомад. Дар чунин раванде, сохторҳои фарҳангӣ, абзорҳои қудрат, пайвандҳои иқтисодӣ, ибтикори диплумотик ва ҳатто зарфияти эҷоди сохторҳои сиёсӣ барои тақвият ва бозсозии қудрати тоҷикҳо, камранг, заъиф ва беасар мешаванд.

Шабакаҳое дар талошанд, то чунин вазъиятеро ба вуҷуд биёваранд ва барои ин кор, абзори муносибе низ дар ихтиёр доранд: тоҷикҳои саргардоне, ки қурбонии як бозии зеҳнӣ ва сиёсӣ шудаанд ва аз моҳияти воқеии он огоҳии кофӣ надоранд.

Дар ин миён, ин ки чӣ касе дастури корро таъйин мекунад, чӣ касоне аз он баҳра мебаранд ва кадом гурӯҳҳо дар мавқеияти ҳошияӣ қарор мегиранд, бисёр муҳимтар аз унвони ҷаззоб ва зоҳиран фарогири чунин пружаҳое аст; пружаҳое, ки дар он, тоҷикҳо бояд нақши пешхидматро ифо кунанд, бе он ки ҷойгоҳ ва манофеи мустақиллашон тазмин шуда бошад.

Пружаи ҳавзаи форсизабон аз фуқдони шаффофият дар заминаи манофеъ, ҷойгоҳ, раҳбарӣ, моликият ва ояндаи сиёсии тоҷикҳо суд мебарад. Аз ин манзар, бозандаи аслии чунин пружае, тоҷикҳо хоҳанд буд; пружае, ки мумкин аст бо забони ҳамгароӣ оғоз шавад, аммо дар амал ба рақобат бар сари ҳувият, намояндагӣ ва қудрат мунтаҳӣ гардад.

Медонем, ки дар бозии қудрат, ҳеч кас ба касе раҳм намекунад. Таърихро қудрат менависад, имтиёзоти сиёсиро барандагон ба даст меоваранд ва масири бозиро низ ҳамонҳо таъйин мекунанд. Тақсими сохторҳои сиёсӣ, ин бор зери номи федерализм ва эҷоди ҳавзае ба истилоҳ ҳамгаро ва форсизабон, бо таркибе ноҳамгун, ғайришаффоф ва муғризона, метавонад ба абзоре барои давр задани тоҷикҳо табдил шавад.

Дуруст дар замоне, ки мо саргарми тақобул ва даргириҳои дарунӣ ҳастем ва мутаваҷҷеҳи хатари аслӣ намешавем, дигарон аз паёмадҳои ин ихтилофот баҳрабардорӣ мекунанд. Бинобар ин, набояд иҷоза диҳем зарфияти сиёсии тоҷикҳо зери унвони ҳавзаи форсизабон мавриди истифода қарор гирад. Мо набояд ба абзоре барои машруъиятбахшӣ ба пружаҳои ғайритоҷикӣ табдил шавем.

Бояд дар ҳар сатҳ ва бо ҳар зарфияте, ки дар ихтиёр дорем, тафовут миёни садоқат, манофеъ, ҷойгоҳ ва раҳбарии худ ва дигаронро ба дурустӣ ташхис диҳем. Кадом қавм ё гурӯҳи ғайритоҷикӣ воқеан хостори раҳбарӣ ва заомати сиёсии тоҷикҳо аст? Чӣ касе метавонад ба ин пурсиши сода, аммо бисёр муҳим, посухе қонеъкунанда бидиҳад?

Агар идғом дар пружаи ҳавзаи форсизабон бо ин истидлол тавҷеҳ шавад, ки ибтидо барои муқобила бо паштунизм эътилоф кунем ва пас аз он роҳи худро ҷудо хоҳем кард, дарвоқеъ худро фиреб додаем. Чунин муҳосибае хом, бепоя ва дур аз воқеияти сиёсӣ аст. Ин рӯйкард чизе ҷуз худфиребӣ ва ҷафо дар ҳаққи тоҷикҳо нест ва набояд иҷоза диҳем бо чунин истидлолҳое, манофеъ ва ояндаи сиёсии тоҷикҳо ба мухотира биафтад.