Ӯ тундрав ё ислоҳталаб набуд, муҳандиси низом буд.

Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Шветсария), махсус барои "Сангар"

Мақомоти эронӣ таъйид карданд, ки Алӣ Лориҷонӣ, мушовири Шӯрои амнияти Эрон, якҷо бо писараш Муртазо Лориҷонӣ рӯзи гузашта дар асари бомбардумони тайёраҳои исроилӣ ба шаҳодат расидааст.

Ба ақидаи ман шаҳодати Алӣ Лориҷонӣ як зойиае сахт бузург ва зарбаест бар пайкари ҳокимият дар дохили Эрон.

Аммо ин Алӣ Лориҷонӣ кӣ буд?

Алӣ Лориҷонӣ танҳо як сиёсатмадори маъмулӣ дар Эрон набуд, балки яке аз чеҳраҳое буд, ки ба гунаи нодир, риштаҳои қудрат ва андеша дар ӯ ба ҳам гиреҳ хӯрда буд. Ӯ ба хонаводае тааллуқ дошт, ки дар дохили Эрон аз он ба унвони давлат дар даруни давлат ёд мекарданд; хонаводае, ки дар раъси он падараш, марҷаи шиа Мирзо Ҳошим Омулӣ қарор дошт. Бародаронаш низ ҳар як дар бахшҳои ҳассоси низом нақш доштаанд: Алӣ Содиқ Лориҷонӣ, ки як даҳа раёсати қувваи қазоияро бар уҳда дошт ва акнун раёсати Маҷмаи ташхиси маслиҳати низомро бар уҳда дорад, Муҳаммадҷавод Лориҷонӣ, мушовири наздик дар парвандаҳои байналмилалӣ бо пешинаи илмӣ ва Боқир Лориҷонӣ, ки дар бахшҳои муҳими сиҳӣ ва академӣ ифои вазифа кардаанд. Ин шабакаи хонаводаӣ на танҳо барои ӯ нуфузи зудҳангом фароҳам кард, балки умқи ниҳодие ба ӯ дод ки убур аз он дар сохтори давлат душвор аст.

Аммо он чи Лориҷониро ба шахсияти мутафовит табдил мекунад, масири печида ва чандқабатаи зиндагии ӯст. Ӯ фаъолияти худро аз Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар ҷараёни ҷанги Эрон ва Ироқ оғоз кард, ҷое, ки равобиташ дар даруни сохторҳои амниятӣ шакл гирифт. Сипас дар даҳаи навад ба вазорати фарҳанг рафт ва назорати сахтгиронае бар тавлидоти он эъмол кард. Пас аз он, беш аз як даҳа раёсати Созмони садо ва симоро бар уҳда дошт ва расонаи расмиро ба абзоре роҳбурдӣ барои шакл додани афкори умумӣ табдил кард; ӯ ба хубӣ дарк карда буд, ки набард бар сари ривоят, камтар аз набард дар майдони ҷанг нест.

Дар миёнаи даҳаи 2000, ба ҳассостарин парвандаҳо роҳ ёфт ва ба унвони дабири Шӯрои олии амнияти миллӣ ва музокиракунандаи аршад дар парвандаи ҳастаӣ зоҳир шуд. Дар ин ҷо, чеҳраи амалгарои ӯ ошкор шуд: аз музокира бо Ғарб барои коҳиши таҳримҳо ҳимоят мекард, аммо ҳамзамон бар хутути сахти амниятӣ пой мефишурд. Ин тавоноӣ дар ҷамъ миёни инъитоф ва сахтгирӣ, ӯро ба яке аз меъморони сиёсате табдил кард, ки бар мудирияти таноқузҳо устувор аст, на ҳал кардани онҳо.

Ӯ сипас бо раёсати тӯлонӣ бар парлумон (2008–2020), ҷойгоҳи худро тасбит кард; ҷое, ки танҳо раиси як ниҳод набуд, балки танзимкунандаи тавозунҳо миёни марказҳои қудрат ба шумор мерафт. Ӯ тавонист тасмимоти бузурге монанди тавофуқи ҳастаиро пеш бибарад, дар ҳоле ки монеъ аз ҳар гуна тағйири бунёдӣ дар сохтори қудрат шуд. Дар ин давра, тасвири ӯ ба унвони шахсияте шакл гирифт, ки на комилан муҳофизакор аст ва на ислоҳталаб ба маънои роиҷ.

Дар канори ин масири сиёсӣ ва амниятӣ, Лориҷонӣ ҳувияти фикрии амиқе низ дошт. Ӯ докторои фалсафа аз донишгоҳи Теҳрон дарёфт кард ва рисолаи ӯ дар бораи фалсафаи риёзиёт назди Эмануэл Кант буд. Ӯ танҳо ба тадрис басанда накард, балки осори фалсафии мутааддиде навишт ва даҳҳо пажӯҳиш дар заминаҳое чун робитаи илму дин, моҳияти маърифат ва марз миёни илму метафизика ироа кард. Дар ин навиштаҳо, ба ҷойи радди андешаи ғарбӣ, талош дошт онро аз дарун бозхонӣ ва дар хидмати проекти динии сиёсӣ қарор диҳад, ки миёни бақои низом ва илзомоти модернита тавозун барқарор кунад.

Нуктаи қобили таваҷҷуҳи дигар дар зиндагии ӯ, имтидоди илмии хонаводааш дар сатҳи байналмилалӣ аст. Яке аз духтаронаш ба унвони пизишк ва пажӯҳишгар дар ҳавзаи саратон дар Иёлоти Муттаҳида фаъолият дошта ва мақолоти мутааддиде дар маҷалоти мӯътабари илмӣ мунташир кардааст. Ин буъд нишон медиҳад, ки ин хонавода тавонистааст миёни решаҳои суннатӣ ва ҳузур дар сатҳҳои болои донишии ҷаҳонӣ пайванд барқарор кунад.

Ин таниш миёни андеша ва амал, калиди фаҳми шахсияти ӯст. Дар соли 2009 аз саркӯби эътирозоти донишҷӯӣ интиқод кард, аммо дар соли 2026 нақши ӯ дар яке аз шадидтарин мавҷҳои саркӯб дар Эрон матраҳ шудааст. Ин тағйир сирфан як таноқуз нест, балки улгуи собит дар рафтори ӯст: ҳаракат бар асоси он чи барои бақои давлат зарурӣ медонад, ҳатто агар гуфтораш тағйир кунад.

Дар солҳои ахир ва бо афзоиши танишҳои минтақаӣ, ӯ бори дигар ба маркази тасмимгирии амниятӣ бозгашт ва парвандаҳои печидаеро мудирият кард; аз ҳамоҳангиҳои низомӣ то равобит бо қудратҳои бузург, бавижа Владимир Путин ва ҳамчунин нақшофаринӣ дар густариши ҳамкориҳо бо Чин.

Авҷи нақши ӯ пас аз шаҳодати Алӣ Хоманаӣ намоён шуд; замоне, ки Эрон вориди марҳилае аз халоъи қудрат шуд. Дар ин мақтаъ, Лориҷонӣ на ба унвони раҳбари динӣ, балки ба унвони муҳимтарин мудири пушти саҳна зоҳир шуд ва ба нуқтаи сақили низом табдил гардид.

Нақши ӯ дар ин марҳила дар се сатҳ қобили хулоса аст:

Нахуст, ҳифзи инсиҷоми низом ва ҷилавгирӣ аз даргирии ҷиноҳҳо дар набуди марҷаияти олӣ;

Дувум, мудирияти тасмимоти амниятӣ ва низомӣ дар шароити печидаи минтақаӣ;

Севум, ҳидояти раҳбарии ҷадид аз пушти саҳна аз тариқи шакл додан ба сиёсатҳо.

Ба ин тартиб, Лориҷониро наметавон сирфан тундрав ё ислоҳталаб донист, балки ӯро бояд муҳандиси низом ба маънои воқеии калима хонд; шахсияте, ки абзорҳои фикрӣ, амниятӣ, расонаӣ ва хонаводаиро ҳамзамон дар ихтиёр дошт. Ӯ на ба хитоба мутакӣ буд ва на ба маҳбубияти мардумӣ, балки бар нуфузи амиқ ва таъсиргузории хомӯш такя дошт.

Ба ҳар ҳол, тарафдорони Ризошоҳ Паҳлавӣ бо омадани Амрико ва Исроил дар Эрон каф мезананд, шодӣ мекунанд ва аз кушта шудани Алӣ Лориҷонӣ хеле хушҳол ҳастанд, таҷрибае, ки мо аз ҳузури хориҷиҳо дар Афғонистон дорем, рӯзе хоҳад шуд, ки эрониҳо сахт пушаймон шаванд.