Муҳаммад Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон хабари барканориашро шарҳ дод. Қаблан расонаҳои ғарбӣ хабар дода буданд, ки Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии Толибон тибқи як фармон сафири кунунии Афғонистон дар Тоҷикистонро барканор карда, сарпарасти худро таъйин кардааст.

Манбаъ: Sputnik Тоҷикистон

Зоҳир Ағбар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин хабар як тавтиа аст, ки барои ба иғтишош кашидани азҳони умум аз сӯи расонаҳои хориҷӣ пахш шудааст ва комилан сиҳат надорад.

“Мо дар кишвари Тоҷикистон ва тибқи қонунҳои ин кишвар қарор дорем. Тоҷикистон дар баробари тамоми кишварҳои ҷаҳон режими Толибонро ба расмият нашинохтааст. Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ҳам аз рӯзи нахусти ба қудрат расидани Толибон эълон кардааст, ки ин гуруҳ ва вазири хориҷиаш Муттақиро ҳам ба расмият намешиносад. Кори мо идома дорад”, - гуфт Зоҳир Ағбар.

Қаблан расонаҳои ғарбӣ (масалан, Индепенденти форсӣ, Бритониё - "Сангар") гузориш пахш карда буданд, ки Амирхон Муттақӣ, вазири хориҷаи Толибон, рӯзи 26 ноябр як фармон ба имзо расонда, фардеро ба номи Қорӣ Фазлраҳмон Атоӣ дастёри сафорати Афғонистон дар Душанбе таъйин кардааст. Бино ба ин гузоришҳо, Тоҷикистон ду дипломати худро чанд моҳи қабл ба Кобул фиристода буд.

Бино ба гузоришҳое, ки аз қабл дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор гирифта буд, Қорӣ Фазлраҳмон Атоӣ аз тоҷикони Бадахшон ва афроди Қорӣ Фасеҳуддин, райиси ситоди кулли артиши Толибон буда, ҳатто сафария, харҷи сафари худро низ ба даст гирифтааст, аммо ба далоили то ба ҳол номаълум дар Душанбе ҳузур наёфтааст.

Ҳамзамон, бино ба гузоришҳо, ду дипломати Тоҷикистон, ки яке Самариддин Чӯянзода, сарпарасти сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон мебошад, аз панҷ моҳ ба ин сӯ дар Кобул ҳузур доранд. Аммо огаҳони ҳол мегӯянд, дар чунин вазъ Толибон низ метавонанд як нафари иртиботии худро дар Душанбе дошта бошанд ва то ба расмият шинохта шудани ҳукуматашон аз сӯи давлати мизбон ҳаққи ихтиёрдории сафоратро нахоҳанд дошт.

Зоҳир Ағбар дар аввалҳои соли 2020 аз сӯи Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури собиқи Афғонистон сафири ин кишвар дар Тоҷикистон таъйин шуда буд. Пас аз суқути ҳукумати Ғанӣ вай эълом кард, ки бар асоси Қонуни асосии Афғонистон, Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали Ғанӣ сарпарасти давлати Афғонистон аст. Аз ин хотир, дар сафорати Афғонистон дар Душанбе ба таври намодин акси Амруллоҳ Солеҳро овехт.