Толибон дар ҷангҳои ахири Панҷшер бо додани талафоти сангин шикасти бесобиқаеро мутаҳаммил шуданд.

ҲИНДУКУШ, 04 апрел – Сангар, Ҳасиб Сангарӣ. Ба қавли огаҳони ҳол, ин аввалин ва бузургтарин шикасти онҳо пас аз суқути Панҷшер дар моҳи сентябри соли гузашта аст.

Аминҷони Ҳисорак, ки бо номи Аминҷони Мараштон низ маъруф аст, фармондеҳии ин ҷангро аз ҷониби Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба зимма дошт ва ин пирӯзиро барои нерӯҳои зиддитолибонӣ камоӣ кард. Вай ба хабарнигори сомонаи Сангар гуфт, ҳамлаи Толибон дар се марҳала сурат гирифт ва ду рӯз идома дошт.

“Аввал, як гуруҳи 60 – нафараи толибони ҳилмандиву қандаҳорӣ шаби 1 апрел ба маҳалли қароргоҳи мо дар дараи Пне омаданд. Мо қаблан иттилоъ доштем ва қароргоҳро тарк карда, дар атрофи он мавқеъ гирифтем. Он шабро Толибон дар қароргоҳи мо рӯз карданд. Рӯзи дигар ҳаволии соати 1 –и баъд аз зуҳр, вақте ҳаво гарм шуд ва онҳо берун омаданд, сарашон аз чаҳор тараф ҳамла сурат гирифт”, - гуфт Аминҷони Ҳисорак.

Тибқи иттилои ӯ, аз 60 нафари гуруҳи аввал, фақат се нафарашон зинда пас мераванд ва ҳаволии соати 3 –и баъд аз зуҳр гуруҳи дувум меояд, ки тақрибан 20 то 30 нафар буданд.

“Сари онҳо низ ҳамла сурат гирифт. Як теъдод кушта шуду як теъдоди дигар фирор кард ва як теъдод ҳам монд, ки бо расидани торикӣ рӯ ба фирор овард. Дар ин миён гуруҳи сеюм, ки мехост аз пушт ҳамла кунад, низ ғофилгир шуд. Бачаҳои мо, ки қаблан аз омадани гуруҳи сеюм иттилоъ доштанд, ба баландӣ баромаданд ва ин гуруҳ низ торумор шуда, рӯ ба фирор овард”, - гуфт Аминҷони Ҳисорак.

Ин фармондеҳи ҷанг мегӯяд, ҳеҷ як аз сарбозони ӯ кушта ё захмӣ нашудааст, аммо талафоти ҷонии Толибон хеле зиёд буда, дар рӯзи аввал афродаш аз 72 кушта гузориш медиҳанд ва аз он баъдро дақиқ намедонад, зеро то ба ҳол аҷсоди толибон аз миёни сангу ғори куҳҳо пайдо мешавад. Ҳамзамон ҳудуди 20 толиб ба асорат даромадаанд.

 “Ба ҳадде инҳо талафот додаанд, ки аз пушти сар корвони мусаллаҳи “ренҷер” - ҳои инҳо рафт. Онҳо ба мардум гуфтанд, ки мо ба шумо ғараз надорем, фақат омадаем, ки афроди куштаи худро бибарем. Фақат ду захмиву ду куштаро пайдо карда тавонистанд. 15 нафарашон ҳанӯз ҳам гум аст”, - гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, манобеъи маҳаллӣ аз кушта шудани Самеъ Усмонӣ, як фармондеҳи муқовимат ва захмӣ шудани як тани дигар хабар медиҳанд.

“Инҳо дар хонаҳо худ дар рустои Кӯҳи Тулхаи вулусволии Бозорак буданд. Бо шуруъи ҷанг онҳо мутаваҷҷеҳи поён мешаванд, ки душман аз қафо ҳамла мекунад ва ин ҷавон, ки ПиКо дошт, ба шаҳодат мерасад ва се танро ҳам толибон ба ноҳақ дастгир карданд, ки устодони мактаби Кӯҳи Тулха буданд”, - гуфт манбаъ.

Бо ин вуҷуд, ҷузъиёти ҷанги ахири Панҷшер то ба ҳол равшан нест. Қаблан манобеъ аз кушта шудани як фармондеҳи муҳими Толибон хабар дода буданд, ки аз афроди наздик ба Мулло Яъқуб, вазири дифоъи Иморати исломӣ аст, аммо шахсияти ӯ то ба ҳол маълум нест.

Қорӣ Фасеҳуддин, сардори Ситоди куллии вазорати дифоъи Толибон, бегоҳи рӯзи гузашта вориди Панҷшер шуд ва бино ба иттилое, ки то ба ҳол дар даст ҳаст, дар бинои маъмурияти вилояти Панҷшер қарор гирифтааст.

Ҷанги дараи Пнеи дараи Ҳисораки вулусволии Рухаи Панҷшер бузургтарин даргирӣ дар таърихи ҳукумати дуввуми Толибон пас аз шикасти Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Панҷшер аст. Тибқи гузоришҳои ахир, дар ҳоли ҳозир даргириҳо фурӯкаш шуда, минтақа ором аст.

Ҷабҳаи муқовимат қаблан эълон карда буд, ки бо омадани баҳор амалиётҳояшро дар саросари Афғонистон шурӯх хоҳад кард.

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст