Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ба сӯҳбати тилфонии Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва Ҳамдуллоҳ Муҳиб, собиқ мушовири раисҷумҳури Афғонистон вокуниши шадид нишон дод.
ДУШАНБЕ, 14 октябр – Сангар. Қаблан худи Ҳамдуллоҳ Муҳиб дар сафҳаи Твитери худ навишт, ки бо раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ суҳбат кардааст.
Муҳаммад Зоҳир Ағбар ба хабарнигори “Сангар” гуфт, ин ки оқои Масъуд суҳбат кардааст, ҳаққаш аст ва мо дар ин робита ҳарфе надорем, аммо оқои Муҳиб қотили қотили мардуми Афғонистон аст ва бояд барои ин аъмолаш посух бидиҳад.
“Муҳиб ҳазорон сарбози Афғонистонро ба дасти Толибону созмонҳои террористӣ ба қатл расонд ва ба тамоми маънӣ як ҷинояткори ҷангӣ аст. Як омили муҳим, балки метавон гуфт, муҷрии таслимии Афғонистону мардумаш ба дасти Толибон ва созмонҳои террористӣ Ҳамдуллоҳ Муҳиб буд. Мардуми Афғонистон ҷиноёти ӯро ҳеҷ гоҳ нахоҳад бахшид”, - гуфт сафири Афғонистон дар Тоҷикистон.
Суҳбати телефонии Аҳмад Масъуд бо Ҳамдуллоҳ Муҳиб имрӯз, 14 октябр, расонаӣ шуд, вокунишҳои мухталиферо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард, аз ҷумла, бархе тамоми раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо “яке аз сабабгорони аслии бадбахтии Афғонистон” – ро шадидан маҳкум карданд ва аз ӯ хостанд, ки чунин “ҷасадҳои сиёсӣ” – ро зинда накунад.
Ҳамдуллоҳ Муҳиб дар таъйиди ин сӯҳбат дар сафҳаи Твитераш навишт, ки меҳвари аслии гуфтунӯҳояш бо Аҳмад Масъуд “бозгашт ба мардумсолорӣ, ҷумҳурият ва ҳифзи арзишҳои миллӣ будааст”.
Ҳамдуллоҳ Муҳиб аз 25 августи соли 2018 то 15 августи 2021 мушовири амниятии Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раисҷумҳури фирории Афғонистон буд, ки ҳамоҳангии тамоми ниҳодҳои қудратиро ба дӯш дошт ва ӯро “тарроҳи фирори хоинонаи Ғанӣ” низ унвон мекунанд.
Аммо бузургтарин иттиҳоме, ки ба ӯ ворид шудааст, ин таслимии огоҳонаи Афғонистон ба Толибон ва дигар созмонҳои террористӣ буд. Ҳамдуллоҳ Муҳиб ҳеҷ гоҳ барои рафъи ин иттиҳомот далоилеро пешниҳод накардааст, ки ӯро дар азҳони умумӣ дар Афғонистон табраа кунад.