Махдуми Олим, аз фармондеҳони матраҳи Толибони* ӯзбек ба ҷурми ҷосусӣ ба ҳукумати қаблӣ ва Амрико боздошт шудааст
КОБУЛ, 8 март – Сангар, Фарзом Козимӣ. То ба ҳол фақат гуфта мешуд, ки ӯро ба ҷурми як силсила одамрабоиҳо дар вилоятҳои шимолии Афғонистон дар замони ҳукуматҳои Карзай – Ғанӣ аз сӯи раёсати амнияти низомии Толибон боздошт шудааст.
Як манбаъи огоҳ аз қазияи Махдуми Олим дар маҳкамаи низомии Иморати исломии Толибон ба хабарнигори сойти Сангар гуфт, одамрабоӣ як гӯшаи хеле кӯчаки парвандаи мавсуф буда, дар асл ӯ ба ҷурми ҷосусӣ ба ҳукуматҳои қаблӣ ва истихбороти хориҷӣ боздошт шудааст.
“Бино ба асноду мадорике, ки аз хазинаи Раёсати амнияти миллии собиқ дарёфт шудааст, Махдум Олим тайи 10 соли ахир беш аз 1 (як) миллион доллар аз бахши сарҳадӣ ва ақвому қабоили Раёсати 024 – и ин ниҳод ба даст овардааст. Аз ин муомила истихбороти Амрико низ огоҳ буд. Маъмурияте, ки Махдум Олим иҷро мекард, низ хеле хатарнок буд”, - гуфт манбаъ.
Ба қавли ӯ, вазифаи Махдуми Олим эҷоди нифоқ миёни гуруҳҳои Толибон ва ҳам ин гурӯҳ бо ДОИШ* ба манзури ташдид бахшидани вазъи амниятӣ дар вилоёти шимолии Ҷузҷону Форёб ва Сарипулу Самангон буд.
“Ҳамзамон аз ӯ хоста мешуд, дар маҳаллоте, ки Толибон ҳузур надоштанд, толибсозӣ ва бо ДОИШ ҳамкорӣ кунад. Вай бо гуруҳҳои террористии Осиёи Марказӣ, бахусус, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон робитаи танготанг дошт ва бо истифода аз равобиташ бо Раёсати амнияти миллӣ барои икмоли ин гуруҳ, бахусус, рафтуомади аъзои он ба хориҷ аз маҳалли будубошашон кӯмак мекард. Дар баробари ин Махдуми Олим ва афродаш бо қочоқи маводи мухаддир ва ихтитофи одамон ба манзури ситонидани пул аз наздиконашон машғул буд”, - гуфт манбаъ.
Махдуми Олим то ба қудрат расидани “Толибон” волии номниҳоди ин гуруҳ дар Форёб, вақтҳои ахир раиси кумисиюни низомии ин вилоят буд. Вай 13 январ ба идораи истихбороти “Толибон” дар шаҳри Мазори Шариф, маркази вилояти Балх даъват ва ба ҷурми одамрабоӣ боздошт шуд. Фармони боздошти ӯро Мулло Фозил, муовини вазири дифоъи “Толибон”, ки дар замони ҳукумати аввали ин гуруҳ дар Форёб асири нерӯҳои Абдурашид Дӯстум шуда буд, содир намудааст.
Дар ҳамин ҳол, Нақибуллоҳ Фоиқ, волии пешини Форёб (2018 - 2021) моҳи январи соли равон, рӯзҳое, ки дар Форёб як тазоҳуроти бузург барои ҷонибдорӣ аз Махдуми Олим ба роҳ афтод, дар як суҳбаташ ба расонаҳо гуфт, масъалаи одамрабоии Махдуми Олим ҳанӯз дар даврони кори ӯ маълум буд, аммо Толибон ҳеҷ гоҳ барои муҷозоти вай иқдом накарда буданд.
Дар ҳоли собит шудани ҷурми Махдуми Олим ин гумонҳо ба яқин мерасад, ки дар пружаҳои толибсозӣ, доишсозӣ ва тасмлимсозии шимоли Афғонистон ба гуруҳҳои террористӣ ҳам ҳукумат ва ҳам амрикоиҳо даст доштаанд.
Бино ба иттилои мувассақ, дар ҳоли ҳозир дар саросари вилоёти шимоли Афғонистон марокизи таълимӣ ва пойгоҳҳои созмонҳои террористие, назири Ал-қоидаву ДОИШ, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ва Ансоруллоҳ озодона фаъолият мекунанд.