Кадом қабилаҳои паштун бо Толибон ихтилоф доранд?

Муаллиф: Ҷамол Содиқӣ (Афғонистон)

Ҳукумати кунунии Толибон дар Афғонистон, бар хилофи иддаои таъсиси як “низоми исломии фаротар аз қавмият”, дар амал бар пояи як олигархияи қабилавӣ бунёд шудааст. Ҳаста (марказ)-и аслии қудрат дар дасти чанд қабилаи мушаххас, монанди Нурзай, Ҳутак ва Задрон мутамарказ гардидааст ва дар муқобил, бисёре аз қабилаҳои бузург ва решадори паштун ба таври низомманд аз доираи қудрат хориҷ шудаанд. Ин инҳисоргароӣ, ҳамроҳ бо тасфияҳисобҳои хунини гузашта, шикофҳои амиқеро дар ҷомеаи паштунҳо ба вуҷуд овардааст.

Дар идома, вазъияти муҳимтарин қабилаҳои паштун, ки аз қудрат канор ронда шудаанд, раҳбарони шинохтаи онҳо ва зулме, ки дар зери сояи ҳокимияти Толибон бар онҳо рафтааст, баррасӣ мешавад.

Қабилаи Ачакзай

Ачакзайҳо яке аз бузургтарин қабилаҳои дурронӣ дар ҷануби Афғонистон, бахусус дар марзи Спинбулдак (Қандаҳор) мебошанд. Ин қабила дар ду даҳаи гузашта ҳамчун садди рахнанопазир дар баробари густариши Толибон дар ҷануб шинохта мешуд.

Генерал Абдурозиқ, фармондеҳи пурнуфузи пулиси Қандаҳор, ки аз ҷониби афроди нуфузкардаи Толибон террор шуд, ва бародараш Тодинхон, аз раҳбарони барҷастаи ин қабила буданд.

Душмании Толибон — бахусус ҳаста (марказ)-и раҳбарии қабилаи Нурзай — бо қабилаи Ачакзай як кинаи хунин ва таърихист. Бо суқути ҷумҳурият, Толибон дар Спинбулдак даст ба интиқомҷӯии ваҳшатнок заданд. Қатлҳои саҳроӣ, эъдомҳои дастаҷамъии ҷавонони Ачакзай ба гумони ҳамкорӣ бо генерал Розиқ, нопадидсозиҳои иҷборӣ ва мусодираи заминҳо ва хонаҳои тоҷирон ва сокинони одии ин қабила, аз ториктарин саҳифаҳои корномаи Толибон дар ҷануб ба ҳисоб мераванд. Толибон ин қабиларо комилан халъи силоҳ карда, дар фазои тарсу ваҳшат нигоҳ доштаанд.

Қабилаи Алакузай

Алакузайҳо қабилаи бонуфуз, сарватманд ва ҷангҷӯ дар Қандаҳор ва Ҳилманд, бахусус дар вулусволии Арғандоб мебошанд, ки дар давлатҳои пешин дар таъмини амнияти ҷануб нақши калидӣ доштанд.

Мулло Нақибуллоҳ, фармондеҳи номдори ҷиҳодии Арғандоб, ки борҳо бо Толибон ҷангидааст, ва Хон Муҳаммад Муҷоҳид, фармондеҳи пешини пулиси Қандаҳор, аз раҳбарони барҷастаи ин қабила ба шумор мераванд.

Толибон пас аз тасаллут бар Кобул, маъракаи густурдаеро барои заифсозии иқтисодӣ ва иҷтимоии Алакузайҳо оғоз карданд. Намунаи барҷастаи он ихроҷи иҷбории ҳазорон хонаводаи Алакузай аз шаҳракҳои истиқоматии Қандаҳор, аз ҷумла Фирқаи Қадим, дар сармои зимистони соли 2021 буд. Толибон хонаҳои ин мардумро бо зӯри силоҳ ғасб карда, ба хонаводаҳои ҷангҷӯёни худ супурданд. Алакузайҳо ҳоло аз ҳар гуна нақши низомӣ ва сиёсӣ дар зодгоҳи худ маҳруманд.

Қабилаи Баракзай

Баракзайҳо, бахусус шохаи Муҳаммадзай, қабилае мебошанд, ки беш аз 150 сол подшоҳӣ ва ҳукумати Афғонистонро дар даст доштанд ва рамзи нухбагони сиёсӣ ва технократҳои паштун ба ҳисоб мераванд.

Раҳбарони шинохтаи ин қабила бисёранд: аз чеҳраҳои таърихӣ чун Муҳаммад Зоҳиршоҳ ва Сардор Муҳаммад Довудхон то шахсиятҳои муосиртар, монанди Гулоғо Шерзай, волии пешини Қандаҳор ва Нангарҳор.

Толибон ба Баракзайҳо ҳамчун “секулорҳо” ва “омилони давлатҳои ғарбӣ”менигаранд. Ин қабила ба далели бофти асосан шаҳрӣ ва таҳсилкардааш аз тамоми сохторҳои идорӣ, қазоӣ ва амниятии Толибон поксозӣ шудааст. Амлоки бисёре аз бузургони ин қабила дар Кобул ва Қандаҳор бо баҳонаи “вобастагӣ ба идораи Кобул” аз ҷониби Толибон мусодира гардида ва ҳувияти сиёсии онҳо амалан аз байн бурда шудааст.

Қабилаи Аҳмадзай

Аҳмадзайҳо аз шохаи Ғилзай мебошанд ва дар вилоятҳои шарқӣ ва марказӣ, монанди Пактиё, Лугар ва Кобул нуфузи зиёде доранд.

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури пешин ва фирории Афғонистон, ва доктор Наҷибуллоҳ, раиси ҷумҳури пешин, ки соли 1996 аз ҷониби Толибон эъдом шуд, аз раҳбарони барҷастаи ин қабила ба шумор мераванд.

Бо вуҷуди он ки Аҳмадзайҳо дар гузашта саҳми бузурге дар бюрократияи Афғонистон доштанд, Толибон ба сабаби мансубияти раисони ҷумҳури мухолифи худ ба ин қабила, бо онҳо бо бадгумонии шадид муносибат мекунанд. Бузургони қавмӣ ва кадрҳои таҳсилкардаи Аҳмадзай аз идораҳои давлатӣ ихроҷ шуда, шабакаҳои нуфузи маҳаллии онҳо аз ҷониби нерӯҳои шабакаи Ҳаққонӣ дарҳам шикаста шудаанд.

Қабилаҳои шарқӣ (Шинворӣ, Хугиёнӣ ва Мангал)

Ин қабилаҳо, ки асосан дар Нангарҳор ва Луя Пактиё муқим мебошанд, мардуми бисёр суннатгаро ва ҷангҷӯ ҳастанд, ки дар гузашта муттаҳиди ҳукумати марказӣ буданд.

Аз раҳбарони шинохтаи ин қабилаҳо метавон генерал Замон Ғамшарик (аз Хугиёнӣ) ва генерал Шаҳнавоз Танай (аз қабилаи Танай/Мангал)-ро ном бурд.

Дар шарқи Афғонистон шабакаи Ҳаққонӣ, ки ба қабилаи Задрон тааллуқ дорад, қудрати мутлақро дар даст дошта, қабилаҳои рақибро бераҳмона саркӯб мекунад. Толибон бисёре аз ҷавонони Шинворӣ ва Хугиёниро бо иттиҳоми воҳӣ ё воқеии “ҳамкорӣ бо ДОИШ-и Хуросон” ё “хезишҳои мардумӣ” шабона террор ё зиндонӣ кардаанд.

Ҳамчунин Толибон дар баҳсҳои марбут ба замин бо зӯри силоҳ аз кӯчиҳо ҳимоят намуда, заминҳо ва чарогоҳҳои ин қабилаҳоро ғасб мекунанд.

Инҳисоргароии бесобиқа, халъи силоҳи якҷониба, ғасби амлок ва интиқомҷӯиҳои хунини Толибон боис шудааст, ки дар миёни ин қабилаҳои бузург хашм ва кинаи амиқу фурӯхӯрда ба вуҷуд ояд. Ин ақвом, ки замоне аз қудрат ва иззати фаровон бархӯрдор буданд, имрӯз худро таҳқиршуда ва дар хатари нобудӣ мебинанд.

Маҳз ба ҳамин далел, ин қабилаҳои ба ҳошия рондашуда имрӯз ба муносибтарин замина барои ҷалби нерӯ алайҳи Толибон табдил ёфтаанд. Ҷабҳаҳои муқовимат ва гурӯҳҳои мухолифи Толибон ба хубӣ медонанд, ки ҷавонони қабилаҳое чун Ачакзай, Алакузай ва Шинворӣ, ки азизон, дороиҳо ва ғурурашон аз ҷониби Толибон поймол шудааст, барои ҷангидан ангезае фаротар аз сиёсат доранд; ангезаи онҳо интиқом ва бақо аст.

Дар сурати фароҳам шудани силоҳ ва ташкилу созмондиҳии муносиб, ин қабилаҳо метавонанд аз дохили манотиқи паштуннишин мошини ҷангии Толибонро бо як чолиши ҷиддӣ ва вуҷудӣ рӯбарӯ созанд.